Мулоқоти Раҳмон бо Чан Оча дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири шоҳигарии Тайланд Праут Чан Оча дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк. 28 сентябри соли 2015
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири шоҳигарии Тайланд Праут Чан Оча дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк. 28 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ба сарвазири Тайланд аз сатҳи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва маориф изҳори хушнудӣ ва ташаккур кардааст.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Шоҳигарии Тайланд генерал Праут Чан Оча кард, менависад сомонаи президенти ҶТ.

"Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муносибатҳо буда, ба ояндаи иртибототи худ бо Тайланд бо назари нек менигарад",- иброз доштааст Раҳмон дар ин вохӯрӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, сарони давлатҳо масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишварро дар самтҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуда ба мавзӯъҳои ҳамгироии сиёсӣ дар минтақаи Осиё ва арсаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва маориф изҳори хушнудӣ намуда ба сарвазири Шоҳигарии Тайланд барои барқарорсозии бозёфтҳои осорхонаи миллии Тоҷикистон, таъмини хуби таълиму бозомӯзии кадрҳои ҷавон, пешниҳоди барномаҳои гуногуни таълимӣ ва ҷудо намудани бурсияҳо ба мутахассисони ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ташаккур кард.

Ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои гарму самимӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Тайланд изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати татбиқи босамари санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи майи соли 2013 дар Тайланд зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ва моҳи августи соли 2013 дар Душанбе аснои сафари расмии нахуствазири Тайланд доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид карданд.

Мусоҳибон мавҷуд будани бисёр соҳаҳои дигари ҳамкорӣ, аз қабили, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, коркарду интиқоли шакар, биринҷ ва рушди туризму хизматрасонии меҳмонхонаҳоро бозгӯи имкониятҳои хуби ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст арзёбӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0