ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар пайи муроҷиатномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои посдори сулҳи тоҷикон, онро беасос ва ҲНИТ-ро ҳамраъйи созмонҳои ифротгаро донистааст, менависад АМИТ "Ховар".
Дар изҳороти додситонӣ омадааст, "раванди хориҷшавии аъзо аз ҲНИТ идома дошта, созмони мазкур мақоми ҳизби сиёсиро, ки шарти мавҷудияти он тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" доштани аъзо дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, аз даст додааст".
"Муроҷиати Шӯрои сиёсии ХНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва роҳбарони кишварҳои кафил амали ҳангомаҷӯёна буда, хуб мешуд, ки роҳбарияти ҲНИТ сабаби нокомиҳои худро дар сиёсати пешгирифтааш ва амалу рафторҳои аъзои хеш ҷуста, аз пахши чунин изҳороти беасос худдорӣ менамуд", — омадааст дар изҳороти додситонӣ.
Масъулини Прокуратураи генералӣ гуфтаанд, Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997, ки ҳамчунин 7 протокол ва 1 низомномаро дар бар мегирифт, пурра иҷро шудааст. Ин ниҳод муроҷиатҳои Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро, ки мегӯяд, солҳои охир зери таҳқиру фишори ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифтаанду барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он мақомоти ваколатдори давлатӣ таваҷҷуҳе зоҳир накардаанд, дур аз воқеият дониста, гуфтааст,"ҳама муроҷиатҳои намояндагони ҳизби номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ҷавобҳои расмӣ гардонида шудаанд".
Дар ин изҳорот аз муроҷиати хаттии муовини аввали расии ин ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ёдоварӣ шуда, гуфта мешавад, муроҷиати мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, дар ҷараёни он бо аъзои ҲНИТ ва шахсоне, ки гӯиё зери фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтаанд, суҳбатҳо гузаронида шуда, шахсони мазкур ҳолати зери таъқиб ва фишор қарор гирифтани худро қатъиян рад намуданд.
Дар изҳорот роҳбарияти ҲНИТ, аз ҷумла раиси он Муҳиддин Кабирӣ дар қонунвайронкуниҳои зиёд муттаҳам дониста мешаванд.
"Роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад. Раиси ҲНИТ — Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рӯ хариду фурўши он манъ аст", — омадааст дар изҳорот.
Прокуратураи генералӣ дар ин изҳорот иттилоъ додааст, ки натиҷаи савдои иншооти мазкур, санаду аҳдҳо вобаста ба хусусигардонӣ ва шартномаҳои ҳадя 16 апрели соли 2015 аз ҷониби суди ноҳияи Рӯдакӣ беэътибор дониста шудаанд.
Ин ниҳод дар изҳороти худ гуфтааст, дар 5 соли ахир 45 аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногун содир намудаанд, ки 17 нафари онҳо дар "ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта аз қабили ташкили иттиҳодияхои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ" даст доштаанд.
Дар идома аз раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев ва роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Маҳмадризоев ёдоварӣ шуда, таъкид гардидааст, ки аввалӣ барои шомил шудан ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ ва иштирок дар бетартибиҳои оммавии моҳи июли соли 2012 пушти панҷара ва дувумӣ "24 июли соли 2012 ҳангоми ҳамлаи яроқнок ба намояндагони ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳалокат расидааст".
Прокуратураи генералии Тоҷикистон сабаби 1,5 дарсад соҳиби раъй шудани ҲНИТ-ро дар интихоботи 1-уми марти соли 2015 ба ваҷхҳои оварда худ дар изҳорот муртабит дониста, зикр кардааст, "ин аз паст рафтани нуфузи ҲНИТ ва аз даст додани мавқеи он дар ҷомеа шаҳодат медиҳад".