Кабирӣ: масъала дигар бастан ва ё набастани ҲНИТ нест

© Страница М. Кабири в FacebookМуҳиддин Кабирӣ дар парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Муҳиддин Кабирӣ дар парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Муҳиддин Кабирӣ боздошти аъзои Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар кишварро шарҳ дод.

Душанбе, 17 сен — Sputnik. Қазияи марбут ба Абдуҳалим Назарзода барои нобуд кардани мухолифин дар Тоҷикистон баҳонае шуд, изҳор дошт раҳбари ҲНИТ зимни шарҳи боздошти аъзои Шӯрои сиёсии ин ташкилоти сиёсӣ дар суҳбат бо Sputnik.

Қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: боздошти аъзоёни Раёсати олии ҲНИТ дар Тоҷикистон

Дар пайи анҷом ёфтани амалиёти муштараки мақомоти қудратии Тоҷикистон барои нобуд сохтани дастаи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои кишвар, ки мақомот ӯро узви ҲНИТ эълон карданд, шоми рӯзи чаҳоршанбе аъзои фаъол ва Шӯрои сиёсии ин ҳизб боздошт шуданд.

"Қазияи Назарзода- баҳонае барои гирифтани иқдомҳои шадид шуд. Шумо хуб медонад, ки фишорҳои мақомот барои бастани ҲНИТ хеле барвақтар шурӯъ шуда буд. Ва дар пайи ҳаводиси ахир нобуд кардани мухолифин ҳам ҳоло оғоз гардид",- гуфт Кабирӣ.

Ба қавли ӯ, ҳоло дигар вақти суханҳо дар бораи он ки ҲНИТ баста мешавад ё не, нест.

"Ҳоло гап сари фишорҳо алайҳи аъзои ҳизб меравад",- афзуд Кабирӣ.

"Ҳаминро бояд гуфт, ки мо аз хатти эътидол берун нахоҳем баромаду бо вуҷуди вазъияти ахир талош мекунем, аз эҳсосот кор нагирем",- таъкид кард раиси ҲНИТ.

Анҷумани ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи Аврупо аз вазъи ҲНИТ нигарон аст

Муҳиддин Кабирӣ афзуд, "ин бори аввал нест, фаъолияти моро мамнӯъ эълон мекунанд. Вале ҳар бор ҳам мо собит кардаем, ки дар фаъолияти мо чизи ғайриқонуние дида намешавад".

Кабирӣ дар посух ба суоли ин ки ба назари ӯ тақдири ояндаи ҲНИТ чӣ мешавад, оё имкон дорад ӯро бибанданд, гуфт, "тасмимро додгоҳ хоҳад гирифт".

Муовини аввали раиси ҲНИТ, Сайидумар Ҳусайнӣ зуҳри чаҳоршанбе дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми парвоз ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон боздошт гардид. Дар ин бора Муҳаммадали Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ дар суҳбат бо Sputnik хабар дод.

Каме баъдтар сомонаи мухолифини тоҷик — Tajinfo  хабар дод, ки худи Маҳмадали Ҳаит ҳам боздошт шуд.

Ҳоло тибқи иттилои ин сомона, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ — Зарафо Раҳмонӣ ва сармуҳаррири сомонаи ин ҳизб — Абдуқаҳҳори Давлат, раиси Шӯрои уламои ҳизб — Зубайдуллоҳ Розиқ ва раиси бахши ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ — Раҳматуллоҳ Раҷаб ҳам дастгир шудаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0