“Базис-кредит” аз БМТ хост, иҷозатномаашро бозхонд кунад

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дархости “Базис-кредит”-ро дар мавриди барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти номбурда қонеъ гардонида, иҷозатномаи фаъолияти онро бозхонд ва номашро аз феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда аст.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон "Базис-кредит" аз Бонки миллии кишвар барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилотро хостор шудааст, менависад сомонаи БМТ.

Манбаъ далели ин барҳамдиҳии ихтиёриро шарҳ надодааст ва танҳо тахмин кардан мумкин аст, ки ин ташкилот ё дар бозори дорои рақобати шадид натавонист фаъолият кунад, ё буҳрони кунунӣ масъулини онро водор сохт, то бо ихтиёри худ ба фаъолияти хеш хотима бахшанд.

"Мутобиқи қарори қабулшуда Иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ "Базис-кредит бозхонд шуда, номи он аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешавад. Илова бар ин, мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ "Базис-кредит"вазифадор карда мешавад, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳад",  афзудааст манбаъ.

Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ ду ниҳоди қарздиҳиро барои нақзи қавонин танбеҳ дод

"Базис-кредит" аз зумраи 43 ташкилоти маблағгузории хурд дар Тоҷикистон ба шумор рафта, дар шаҳри Душанбе воқеъ буд. Ин ташкилот сомонаи расмӣ ҳам надошту иттилоъ дар бораи он ҳам дастрас нест.

Дар умум ҳоло дар Тоҷикистон 17 бонки тиҷорӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 36 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Бояд гуфт, дар соли равон бори аввал аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти қарзиеро бо дархости соҳибони худи он ташкилот қатъ мекунад. Одатан масъулини БМТ дар пайи ошкор шудани камбудҳо иҷозатномаи фаъолияти ин гуна ташкилотҳоро бозхонд ё маҳдуд мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0