БМТ ду ниҳоди қарздиҳиро барои нақзи қавонин танбеҳ дод

© SputnikБонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танзимгари аслии молии ҷумҳурӣ мавориди нақзи қавонини бонкдорӣ аз сӯйи ду ниҳоди қарздиҳии кӯчакро ошкор карда барои ислоҳи онҳо як сол мӯҳлат муқаррар кард.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ҷалби пасандозҳо ва ироъаи қарзҳо ба созмонҳои қарздиҳии кӯчаки "Ҳамдастӣ" ва "Молия ва Сармоя"-ро мамнӯъ кард, хабар медиҳад маркази матбӯъотии БМТ.

Ин мамнӯъият дар тӯли як сол муқаррар шуда танҳо дар сурате ҳазф хоҳад шуд, ки агар ин ниҳодҳои қарздиҳӣ нишондодҳои молии худро беҳтар созанд.

"Иҷро накардани қавонини бонкдорӣ ва муқарраротҳои Бонки миллӣ далоили ин амр шудаанд. Ин ниҳодҳо муваззаф шудаанд, ки дар тӯли 15 рӯз санади иҷрои муваззафоти худ дар назди муштариёнро таҳия карда ҳамзамон нақшаи комили беҳбуд додани вазъи молиро пешниҳод кунанд", — зикр кардааст БМТ.

Тибқи қонуни "Дар бораи созмони қарздиҳии кӯчак" Бонки миллии ҶТ ҳаққ дорад маҳдудиятҳоеро ба манзури иҷрои комили муваззафоти худ ва аз ин роҳ ҳифз кардани муштариён аз хатарот роҳандозӣ кунад.

Яке аз ин маҳдудиятҳо маҳдудсозӣ ва ё манъи анҷоми амалиёти молӣ мебошад. БМТ ҳамчунин ҳаққ дорад барканории муваққати ва ё сабукдӯш шудани раҳбарияти ниҳод, манъи боз кардани бахшҳо ва ё сохторҳои ин ниҳодро тақозо кунад. Дар сурате, ки созмони қарздиҳии кӯчак аз иҷрои машваратҳои Бонки миллӣ барои рафъи камбудиҳо сарпечӣ кунад, вай метавонад муҷаввизи фаъолияти худро аз даст бидиҳад.

Лентаи хабарҳо
0