ВКД: дар ду рӯзи охир дар пайи садамаҳо 4 тифл кушта шуд

© Sputnik / Сергей ПятаковСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беэҳтиётии ронандагон дар ду рӯзи охир боиси марги 4 тифл: аз як сола то 11- сола гардидааст.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Садамаҳои нақлиётии ду рӯзи охир, ки аз сӯи мақомот ба қайд гирифта шудаанд, боиси марги 4 тифл ва як нафар болиғ гардидаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: садамаҳои нақлиётӣ мунҷар ба марги 3 нафар гардиданд

"23 сентябр ронандаи 22-солаи сокини Душанбе дар рӯ ба рӯи бинои корхонаи "Роҳи Абрешим" пиёдагардон: ҷавондухтари 20-сола ва духтарчаи 11-солаи сокинони шаҳри Душанберо пахш намудааст. Духтарчаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст", — менависад сомона.

Дар он рӯз ҳамчунин ронандаи дигар — марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар Душанбе духтарчаи 1-солаи сокини маҳалро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВКД: се қурбонӣ дар вилояти Суғд дар пайи садамаҳо

23 сентябр як ронандаи дигар — марди 36-солаи сокини ноҳияи Балҷувон писарбачаи 9-солааш, ки дар болои бордони автомашина будааст, ба замин афтидааст. Дар натиҷа, писарбачаи ноболиғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

24 сентябр сокини Душанбе — як марди 41-сола пиёдагард, писарбачаи 7-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнин бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент 24-уми сентябр садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа як марди 37-солаи сокини Панҷакент ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0