ВКД: се қурбонӣ дар вилояти Суғд дар пайи садамаҳо

© Flickr \ Chris PriceАғбаи Анзоб. Акс аз бойгонӣ
Ағбаи Анзоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Автомашина ба чуқурии 200 метр сарозер шуда, ронанда ва мусофири он- ҷавони 25-солаи сокини ш.Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар натиҷаи канда шудани сангпора аз кӯҳ дар ағбаи Анзоб ду нафар ба ҳалокат расидааст, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи гузашта, тахминан соати 10:00-дақиқа дар роҳи нақлиётгарди "Анзоб-Майхура" дар ағбаи "Анзоб"-и ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба чархи автомашинаи тамғаи "Хундай-Портер" бархӯрдааст.

Опрокинутый знак пешеходного перехода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шуданд

Дар натиҷаи ин ҳодиса автомашина ба чуқурии 200 метр сарозер шуда, ронанда ва мусофири он- ҷавони 25-солаи сокини ш.Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин, рӯзи сешанбеи гузашта, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори рости роҳ бархӯрдааст.

Бар асари ин, мусофири нақлиёт- марди  чиҳилолаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати вазнини чисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0