ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар пайи се садамаи нақлиётӣ дар рӯзҳои истироҳати 12 ва 13-уми сентябр ду зан кушта ва як нафар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудааст, хабар медиҳад сомонаи ВКД.
Рӯзи 12 сентябр ронандаи "ДЭУ-Сиелло", ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ, дар ҳудуди деҳаи Суғдиёни ноҳияи Бохтар пиёдагарди шахсияташ номаълум — зани тахминан 45-50-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, ин зан дар беморхона фавт кардааст.
"Барои муайян кардани шахсияти пиёдагард таҳқиқ идома дорад", — навиштааст сомона.
Рӯзи 13 сентябр як зани 51-сола, ронандаи мошини "Опел-Астра" ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба сӯи Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба канори рости роҳ баромада, автомашинаашро чаппа кардааст.
"Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — хабар медиҳад ВКД.
Ҳамчунин, дар он рӯз як ронандаи дигар, сокини ноҳияи Ҳисор дар ҳудуди ин ноҳия аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, онро ба ҷарии 100-метр сарозер кардааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири автомашинаи мазкур, зани 35-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.