Боздошти марде, ки мехост ҳаводиси 11 сентбрро дар ИМА такрор кунад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкМакони ҳодиса: Маркази тиҷорати Ҷаҳонӣ, ки соли 2001 дар Ню-Йорк тарконида шуд. Акс аз бойгонӣ
Макони ҳодиса: Маркази тиҷорати Ҷаҳонӣ, ки соли 2001 дар Ню-Йорк тарконида шуд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин ҳамлаҳо дар сентябри соли 2001 ҷангиёни “Ал-Қоида” биноҳои осмонхароши Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар шаҳри Ню-Йорк ва Пентагонро бо истифода аз се ҳавопаймои мусофирбар мавриди ҳадаф қарор дода буданд.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар шаҳри Флоридаи Амрико Джошуа Голдберг, ҷавони 20-сола ба иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар робита ба инфиҷоре аз сӯи маъмурини пулис боздошт шудааст, иттилоъ медиҳад Вазорати адлияи ин кишвар.

Дик Чейни: Обама ин фоҷиъаи ИМА аст

Бар асоси парвандаи ҷиноии эълоншуда, Голдберг бо хабаррасоне аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дар тамос буда, аз моҳи июл то сентябри соли равон ба ӯ дастурамалеро дар мавриди тайёр кардани як маводи мунфаҷира ироа мекунад ва ба ӯ дастур медиҳад, маводи таркандаро наздик ба макони баргузории маросими азодории ҳамлаҳои 11 сентбр дар Канзас-Сити ҷойгир кунад.

Ба иттилои манбаъ, дар сурати айбдор эълон шудани Голдберг ӯ ба муҳлати то 20 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

"Моҳи апрели соли равон иттилое расонаӣ шуда буд, ки бар асоси он гӯиё созмони террористии "Давлати исломӣ" мехоҳад, ҳамлаҳои 11 сентябрро дар ИМА такрор кунад. "Ҷонибдори "Давлати исломт" аз ин нияти созмони худ дар доираи як маъракаи зиддиамрикоӣ хабар доданд. Ин паёми онҳо ба инфиҷорҳои хунини 11 сентябр ва ҳамлаҳои ҷудогонаи пешин ба кишварҳои ғарбӣ рабт дошта, инчунин аз рух додани ҳамлаи наве хабар дода шуд",- менависад сомонаи SITE, ташкилоте, ки фаъолияти гуруҳҳои террористиро ҳамеша дар интернет пайгирӣ мекунад.

Ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001, ки аз сӯи гуруҳи террористии "Ал-Қоида" сурат гирифт, наздики 3 ҳазор нафар дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Вашингтон ва иёлати Пенсилвания қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дар ин ҳамлаҳо ҷангиёни "Ал-Қоида" биноҳои осмонхароши Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар шаҳри Ню Йорк ва Пентагонро бо истифода аз се ҳавопаймои мусофирбар мавриди ҳадаф қарор доданд.

Созмони террористии "Давлати исломӣ", ки ҳоло қисматҳои зиёди Ироқу Сурияро таҳти назорати худ қарор додааст, ба мушкили рақами яки ҷаҳон дар соли 2014 табдил ёфт. Тибқи иттилои ХҶА (СРУ) ҳоло дар суфуфи ҷангиёни ин созмон наздик ба 30 ҳазор нафар ҳузур доранд.   

Лентаи хабарҳо
0