ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ки дар пайи ҳамлаҳои хунини рӯзи 4 сентябр дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро муваққатан боз дошт, дубора дарҳояшро боз кардааст, мегӯяд намояндаи сафорат Соро Мародалиева.
"Мо танҳо рӯзи ҷумъа кор накардем. Азбаски рӯзи 7 сентябр дар Амрико ҳамчун Рӯзи меҳнат қайд шудааст, рӯзи душанбе ҳам истироҳат намудем. Фаъолияти сафорат аз субҳи рӯзи сешанбе ба таври муқаррарӣ дубора аз сар гирифта шуд",- гуфт ӯ.
Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 сентябри соли равон дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона алайҳи кормандони пулис дар пойтахти Тоҷикистон фаъолияти худро муваққатан қатъ карда буд.
Сарфи назар аз набудани иттилоъи дақиқ дар мавриди ҳодисаҳои ахир сурат гирифтани амалҳои зӯроварии дигар аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, сафорати Амрико дар Тоҷикистон фаъолияти худро муваққатан қатъ карда, аз кормандонаш даъват мекунад, макони буду боши худро тарк накунанду аз фиристодани фарзандон ба макотиб худдорӣ варзанд.
Субҳи 4 сентябр тахминан соатҳои 04:30 ҳамлаи мусаллаҳона ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат сурат гирифта, аз дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ дар Тоҷикистон ҳам миқдори муайяни силоҳҳо дуздида шуданд. Ҳамон рӯз дар маҳалли маъруф ба "Гардиши фурудгоҳ" ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи кормандони Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон (ОМОН) сурат гирифт.
Пас аз чанд соати ҳамла, дафтари матбуоти ВКД бо нашри изҳороте аз кушта шудани 8 корманди пулис дар пайи ин даргириҳои мусаллаҳона хабар дода, ин ҳамлаҳои хунин алайҳи кормандони пулисро кори Абудаҳлим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои кишвар хонд, ки чанд соати баъд бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва раиси ҳукумати Тоҷикистон аз мақоми худ барканор шуд.
Тибқи иттилои мақомоти тоҷик худи Назарзода ҳамроҳ бо чанд тан аз ҷонибдоронаш ба дараи Ромит паноҳ бурдааст, ки ҳоло барои нобуд кардани дастаи ӯ амалиёти мушатараки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ВКД ҷараён дорад. То ҳол 56 нафар ба иттиҳои ҳамдастӣ бо гуруҳи Назарзода боздошт шуда, 17 узви он кушта шудааст.