ОМОН-и зиндамонда: ҳамаи қаҳрамонон мурданд...

© Из личного архива Саеда РахимоваСаёд Раҳимов. Акс аз бойгонӣ
Саёд Раҳимов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сайёд Раҳимов, узви таъиноти махсуси ВКД ё худ ОМОН, ягона афсарест, ки дар ҳамлаи маҳалли гардиши фурудгоҳи Душанбе зинда мондааст. Ҳоло вай дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад, ки мо бо ӯ дар он ҷо сӯҳбат доштем.

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Афсари тирхӯрда он шабро ба душворӣ ба хотир меорад ва ба далели захмаш хеле кунд суҳбат мекунад. Бино бар гуфтаи вай, шаби 4 сентябр ногаҳон занги хатар садо дод, ки дар шаҳри Ваҳдат ҳодисаи тирпарронӣ рух додааст.

Манбаъ: Назарзода ҳамеша бо мухолифин буд

"Соати 4 субҳ мо омодаи сафар будем, дар маҳалли гардиши фурудгоҳ ҳамроҳони дигарамонро мунтазир меистодем. Аз куҷое як милиса пайдо шуд, гуфт, ду марди мусаллаҳро дидааст. Мо фикр кардем, ки аз уҳдаи безарар гардонидани ду нафар мебароем ва баъдан роҳамонро давом медиҳем. Вақте ба онҳо наздик шудем, якбора оташ кушоданд. Тирпарронӣ ҳамин хел шурӯъ шуд ва тақрибан 15 дақиқа давом кард. Аз сарамон бори тир меборид. Ду нафар ҳамроҳони мо ки дар берун буданд, кушта шуданд, ман ва як нафари дигар захмӣ шудем. Мошини мо аз ҷои ҳодиса дур шуд. Дар ҳамин ҳол ҳам як нафари дохили мошин кушта ва ронанда захмӣ шуд. Агар мошин намерафт, силоҳдорон метавонистанд онро тарконанд, ки дар натиҷа одамони осоишта эҳтимолан зарар медиданд", — нақл кард Сайёд Раҳимов.

Ба бовари ин афсар, гуруҳи силоҳдорон омодагии хуб доштанд ва ин амалиёти онҳо аз қабл тарҳрезӣ шуда буд.

"Дар боми биноҳо снайпер гузошта шуда буд. Аз даҳлези бино бо пулемет тирандозӣ карданд. Нагузоштанд, ки ҳамяроқони мо берун оянд. Тақрибан ҳич нафаре аз онҳо зарар надид. Танҳо як нафарро ман дар пояш парондам, ки баъдтар боздошт шуд", — дар идома баён дошт афсар Раҳимов.

© Предоставлено Мехроджем СулаймонзодаСайёд Раҳимов, афсари захмхӯрдаи ОМОН дар беморхона. 7 сентябри соли 2015
Саед Рахимов в реанимационном отделении Национального медцентра - Sputnik Тоҷикистон
Сайёд Раҳимов, афсари захмхӯрдаи ОМОН дар беморхона. 7 сентябри соли 2015

"Лаҳзаи куштани фармондеҳамон, Дмитрий Буриев ҳамеша дар пеши назарам аст. Чеҳраи нафареро, ки тир кушод хуб дар хотир дорам, ҳатто дар хоби шабам меояд. Вақте дидам, ки ҳамяроқи дигарам — Алишер ба замин уфтод, барои кумак ба наздаш рафтам, ҳамин лаҳза маро бо снайпер заданд. Тир аз қисми рости қафаси синаам ворид шуд ва аз зери бағалам берун рафт", — нақл кард Сайёд Раҳимов.

Акси Абдуҳалим Назарзода дар сомонаи Вазорати дифоъи Тоҷикистон. Расм аз экрани роёна - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: ҳалокати боз 4 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боздошти 7 тани дигар

Алишер ҳам мисли Сайёд — 25 сол дошт. Вай сокини дараи Ромит, ҳамон ҷое ки ҳоло амалиёти безараргардонии силоҳбадастон идома дорад, буд.

… Вақте мо ба аёдати Сайёд ба бемористони Қарияи Боло рафтем, бародарони Алишер низ ба дидорбинии Сайёд омаданд. Лаҳзаи хеле риққатовар буд, ҳам Сайёд ва ҳам бародарони Алишер хомӯшона мегиристанд.

Сайёд мутаваллиди Данғара аст, ки аз чанд моҳ ба ин сӯ дар неруҳои таъиноти махсуси ВКД ё ОМОН ифои хизмат мекунад. Вай факултаи Ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Ин афсари ОМОН бар ин бовар аст, ки дар гардиши фурудгоҳ Ҳалим Назарзода эҳтимолан миқдори зиёди силоҳ доштааст ва мехостааст он силоҳҳоро ба ҷонибдоронаш бидиҳад. Бо шарофати муқовимат ва қаҳрамонии афсарони ОМОН Назарзода натавонистааст ҳамаи аслиҳаашро берун барад.

Аммо Сайёд худро қаҳрамон намедонад.

"Ҳамаи қаҳрамонон — мурданд", — мегӯяд ин афсар.

Дар ҳоли ҳозир сиҳатии Раҳимов муътадил аст, табобати ӯро вазорати корҳои дохила зери назар гирифтааст.

© Предоставлено Мехроджем СулаймонзодаСайёд Раҳимов, афсари захмхӯрдаи ОМОН ҳамагӣ 25 сол дорад
Саед Рахимов в реанимационном отделении Национального медцентра - Sputnik Тоҷикистон
Сайёд Раҳимов, афсари захмхӯрдаи ОМОН ҳамагӣ 25 сол дорад

Субҳи 4 сентябр ба Шуъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, дар ҳамин субҳ аз Дастгоҳи марказии вазорати мудофиа миқдори зиёди аслиҳа рабуда шуд. Дар ҳамин лаҳза дар маҳалли гардиши фурудгоҳи Душанбе ба дастаи ОМОН ҳамла сурат гирифт.

ВКД рӯзи 4 сентябр хабар дод, ки зимни ин ҳамлаҳо 8 нафар корманди мақомоти қудрати кушта шудааст. Баъдтар ВКД гуфт, ин ҳамлаҳоро Абдуҳалим Назарзода — муовини вазири мудофиа роҳбарӣ кардааст.

Худи Назарзода, тибқи иттилои расмӣ, дар дараи Ромит панаҳ бурдааст. Ҳоло дар ин дара амалиёти якҷояи ВКД, КДАМ ва вазорати дифоъ барои дасгир кардани Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳамроҳонаш идома дорад.

Тибқи маълумоти то имрӯз паҳншуда, 56 нафар аз афроди силоҳбадаст дастгир ва 17 нафар кушта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0