ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар ҷангҳои Сурия ба ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои террористӣ меҷанганд, бо худ 83 кӯдакро ҳам бурдаанд, менависад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба дафтари матбуоти ВКД он кишвар.
Тибқи иттилои Шуъбаи мубориза бо терроризми Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон миёни шаҳрвандони ин кишвар, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ҳузур доранд, 122 зан ва 83 кӯдак ҳам ҳаст.
"Ба қавли кормандони Шуъбаи мубориза бо терроризми ВКД-и Қирғизистон, 63 ҳолати интиқоли кӯдакони қирғиз ҳамроҳи хонаводаҳои худ ба ҷангҳои хориҷӣ қайд шудааст ва иттилоъ дар бораи марги 45 сокини ин кишвар дар он ҷангҳо ҳам рӯи даст аст", — мегӯяд манбаъ.
Дар робита ба ин ҳолатҳо асноди зарурӣ таҳия ва ба Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон ироа шудааст.
Қаблан Вазорати дохилаи он кишвар хабар дода буд, ки як сокини 24-солаи қирғиз барои пайвастан ба саффи гуруҳҳои террористӣ ва иштирок дар ҷангҳо бо ду фарзанд — яке ширмак ва дигарӣ 4-солааш озими Сурия шудааст.
Давоми 8 моҳи соли равон дар Қирғизистон 264 ҳолати ифротгароӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар робита ба 119 ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 231 нафар боздошт ва 7 ҳазору 126 нусха маводи хусусияти ифротидошта мусодира гардидааст.
1866 нафар ҳамчун пайрави гуруҳҳои ифротгароӣ сабт шудаанд, ки 1 ҳазору 361 тани онҳо ҷонибдорони ҳаракати террористии Ҳизб-ут-Таҳрир мебошанд. 23%-и ҷонибдорони гуруҳҳои ифротиро занон ташкил медиҳанд.