ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиаш мардуми кишварро ба муносибати 24-умин солгарди истиқололияти давлатӣ, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфт, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии сарвари давлат.
Раисҷумҳур барои мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонаи обод орзу намудааст. Ӯ иброз доштааст, ки маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.
Президенти Тоҷикистон муҳимтарин дастовардро дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллӣ ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани ҷумҳурӣ ҳисобидааст.
"Бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд",- омадааст дар паёми Раҳмон ба шаҳрвандони кишвар.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки дар баробари таъмини сулҳу субот, қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти давлатдорӣ буд.
"Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсияи мо барои ҳамеша сабт гаштааст. Ҳоло Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст",- идома медиҳад раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинона буда, имрӯз худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.