Ширкати Зуҳуров дар СММ дар маросими гузоштани нишони хотиравӣ

© Flickr \ Steve CadmanБинои СММ дар Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ
Бинои СММ дар Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари палатаи поёнии парлумони ҶТ Зуҳуров ва ҳайати парламентии Тоҷикистон ҳамчунин аз осорхонаи марказии шаҳри Ню-Йорк ва дигар манзараҳои таърихии ИМА дидан намуданд.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар қатори сад раисони парламентҳои кишварҳои ҷаҳон дар маросими гузоштани нишони хотиравӣ ба "Дарахти сулҳ"-и қароргоҳи СММ иштирок кард, менависад ОИ Tojnews бо истинод ба суханӯи МН Муҳамадато Султонов.

Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров роҳи демократияи Тоҷикистонро бебозгашт унвон кард

"Ҳамзамон, роҳбари палатаи поёнии парлумони ҶТ Зуҳуров ва ҳайати парламентии Тоҷикистон ҳамчунин аз осорхонаи марказии шаҳри Ню-Йорк ва дигар манзараҳои таърихии ИМА дидан намуданд",- меафзояд манбаъ.

Баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта иштирокчиёни Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар шаҳри Ню-Йорки ИМА лоиҳаи декларатсияро қабул намуданд. Баъд аз қабул декларатсия Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар шаҳри Ню-Йорк кори худро ба анҷом расонид.

Маврид ба ёдоварист, Шукурҷон Зуҳуров дар раъси як ҳайати парламентӣ шоми 28-уми август ба ИМА сафар карда буд. Ӯ 1-уми сентябр дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар мавзӯи "Қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ ва рушди устувор" суханронӣ дошт.

 

Лентаи хабарҳо
0