Зуҳуров роҳи демократияи Тоҷикистонро бебозгашт унвон кард

© Sputnik / Григорий СысоевШукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ
Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон зимни суханронӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид “демократияро роҳи бебозгашт” барои ин кишвар унвон кардааст.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагон — палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон зимни суханронӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид "демократияро роҳи бебозгашт" барои кишвараш унвон кард, менависад сомонаи парлумон.

Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тарҳи тағйири қонуни ҳизбҳо ба парлумон ироа мешавад

Шукурҷон Зуҳуров аз минбари СММ дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони порлумонҳои ҷаҳон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мавзӯи "Қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ ва рушди устувор" суханронӣ кардааст.

Дар зимн, раиси Маҷлиси намояндагон "демократияро роҳи бебозгашти кишвар ва шакли идоракунии давлат" унвон кардааст.

"Тоҷикистон ба эъмори кишвари ҳуқуқбунёд тамаркуз карда, ба нақшаи корӣ масъалаҳои риояи ҳуқуқ ва озодии инсон, рушди демократия ва таъмини зиндагии осоишта ба ҳар фарди узви ҷомеаи моро пешниҳод кард", — гуфтааст Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров боз раиси парлумон интихоб шуд

Шукурҷон Зуҳуров таъкид кардааст, ки "такмили  базаи ҳуқуқии кишвар ба рушду равнақ ва таҳкими принсипҳои демократӣ ва эъмори институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Бо мақсади таъмини минбаъдаи самтҳои афзалиятноки рушди устувори давлатӣ, такмилдиҳии демократӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, танҳо дар соли гузашта, 233 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 97 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда қабул гардида, 26 консепсия, барномаҳои стратегӣ, 77 шартномаи байналмилалӣ, созишнома ва протоколҳо, 18 созишномаи қарзӣ ва грантӣ тасдиқ гардидаанд".

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар раъси ҳайати парлумоние шоми 29 август ба манзури ширкат дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони порлумонҳои ҷаҳон ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар кард ва қарор аст то 5 сентябр дар ин ҷаласа иштирок кунад.  

Лентаи хабарҳо
0