Вазир: барои лату кӯби Умар Бобоҷонов гунаҳкорон ҷазо мегиранд

© Предоставлено Мавзуной АбдуллоевойРамазон Раҳимзода, вазири дохилии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Рамазон Раҳимзода, вазири дохилии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВКД хабар медиҳад, ки бо супориши вазири умури дохилӣ, дар рафти санҷиши хизматӣ сабаб ва омилҳои ҳолати мазкур муайян гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ба тобеинаш супориши қатъӣ додааст, то қазияи Умар Бобоҷоновро мавриди санҷиш қарор диҳанд, менависад сомонаи ин ниҳод.

Волидайни сарбоз: писарамонро бо лату кӯб куштанд

Бобоҷонов як сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат аст, ки ба иддаои наздиконаш аз сӯи маъмурони пулис барои ришаш латту кӯб шудааст.

Бо супориши генерал-лейтенанти милиса — Рамазон Раҳимзода оид ба ҳолати рухдода нисбати Умар Бобоҷонов гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуда, ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.

Манбаъ мегӯяд, бо супориши вазири умури дохилӣ, дар рафти санҷиши хизматӣ сабаб ва омилҳои ҳолати мазкур муайян гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

"Аз натиҷаи санҷиши хизматӣ иловатан иттило дода мешавад", — омадааст дар сомона.

Супориши қатъии вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки наздикони Умар Бобоҷонов, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат иддао доранд, ӯро маъмурони пулис барои ришаш латту кӯб кардаанд. Абдулло Бобоҷонов, бародари Умар ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бародарашро шоми 28 август кормандони пулис барои ришаш мавриди латту кӯб қарор додаанд, ки баъдан дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳри Ваҳдат оварда шудааст. Табибон вазъи ӯро вахим гуфтаанд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Як сарбоз барои лату кӯби ҳамхидматаш ба 5,6 соли зиндон маҳкум шуд

Умар Бобоҷонов донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи Санкт-Петербург будааст, ки дар таътили тобистона ба зодгоҳаш омадааст. Зоҳирҷон Соҳибов, яке аз дӯстони Умар, ки ҳангоми ҳодисаи латту кӯб бо ӯ будааст, ба "Озодӣ" гуфтааст, "мо дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар назди муҷассамаи "Модар" сайругашт доштем, ки ногаҳон се мошин омад ва 6-7 нафар аз онҳо берун шуданд. Онҳо ману Умарро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Латту кӯб карданд. Субҳи 29 август Умарро ба бемористон овардем, ки ҳолаш хеле вазнин буд".

Дар робита ба ин қазия дирӯз ва имрӯз наздики сад нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат дар назди бемористони марказии шаҳр, ки Бобоҷонов дар ҳолати вазнин онҷо оварда шудааст, ҷамъ омада, аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0