Волидайни сарбоз: писарамонро бо лату кӯб куштанд

© SputnikҒанӣ Раҳматов аксҳои ҷасади фарзандашро дар саҳифаи фейсбукиаш гузоштааст
Ғанӣ Раҳматов аксҳои ҷасади фарзандашро дар саҳифаи фейсбукиаш гузоштааст - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хулосаи тиббӣ марги ин сарбозро “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” унвон кардааст, аммо волидайнаш мегӯянд, дар ҷисми вай осори лату кӯб намоён аст.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҷасади Фирдавс Раҳматов, як ҷавони 22-солаи тоҷик пас аз як моҳи сарбозӣ дар қисми ҳарбии 04080 дар шаҳри Конибодом ба волидонаш супорида шуд, дар ин бора падари сарбоз Ғанӣ Раҳматов дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст.

"Писари меҳрубонам дар Қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом, вилояти Суғд санам 07.05.2015 сол ба сафи ҳарбӣ даъват шуда, санаи 07.06.2015 сол ҷасадашро гирифта оварданд", — менависад падари сарбоз дар саҳифааш.

© Скриншот страницы Г. Рахматова в FacebookНавиштаи Ғанӣ Раҳматов дар бораи писараш Фирдавс Раҳматов
Пост Гани Рахматова в Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Навиштаи Ғанӣ Раҳматов дар бораи писараш Фирдавс Раҳматов

Бино бар гуфтаҳои Ғанӣ Раҳматов, писараш пайваста аз шароити нохуби қисми ҳарбӣ ва лату кӯб шуданаш шикоят мекардааст.

"Хостам ба комиссари ҳарбӣ муроҷиат кунам, писарам маро нагузошт, ки боз лату кӯб мекунанд. Барои чӣ командирон аз болои кирдору рафтори сарбозон назорат намебаранд, ки оқибати ин ба чунин фоҷеа расид. Аз суханони фарзандам маълум гашт, ки сарбозонро аз ҷойҳои камераи навобардор дур бурда, ба ҷойҳое, ки ба навор гирифта намешавад лату кӯб мекарданд", — омадааст дар саҳифаи падар сарбози фавтида.

Волидайни ин сарбоз ба хулосаи тиббӣ, ки марги фарзандашонро "гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас" гуфтааст, розӣ нестанд.  

Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад, ки рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё "облава" ба сафи сарбозон даъват шудааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо хабаргузорӣ гуфтааст, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён будааст. Хонум Раҳматова афзудааст, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ карда, Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст.

"Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад", — гуфтааст модари сарбоз.

Ин модари тоҷик, ки баъд аз як моҳи гусели фарзандаш ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷасадашро қабул кардааст, аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад, тамоми омилони марги писарашро пушти панҷара баранд. Хонум Раҳматова аз он ибрози нигаронӣ дорад, ки масъулини додситонӣ дар марги Фирдавс танҳо як сержантро айбдор мекунанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар аввал шаш сарбоз дар робита ба марги писараш боздошт шуда буданд.

"Бачаҳаки манро як кас накуштааст. Ҷойи ободеро дар баданаш пайдо кардан мумкин набуд. Инҳо маслиҳат доранду мехоҳанд, айбро дар гардани як нафар бор кунанд. Чӣ магар писари ман таҳти раҳбарии ҳамон сержант ба палигон рафта буд?! Магар онҷо командире набуд?! Хай бачаамро куштанд, майли ҳадди ақал ба мо росташро гӯянд", — гуфтааст модари сарбоз.

Латту кӯб ва марги сарбозон аснои хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳодисаи наве нест. Дар гузашта низ волидони бархе сарбозон иддао карданд, ки фарзанди онҳо дар пайи мушту лагад маъюб шуда ё ҷон додаанд. Дар интернет низ чандин навори латту кӯби сарбозон аз ҷониби куҳнасарбозон дар гардиш аст. Ахиран, чунин як навор боиси сару садоҳои зиёде шуд, вале масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон онро кори дасти "иғвоангезон" хонданд. 

Лентаи хабарҳо
0