ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко фармонеро имзо кард, ки тибқи он тасмими Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи кишвар барои таъмини ҳимояи манофеъи мулкии Украина ба далели гузари Қрим ба ҳайати Русия мавриди иҷро қарор мегирад, омадааст рӯзи чаҳоршанбе дар сомонаи раиси ҷумҳур.
"Бо дарназардошти ихтисоси иқдомоти изофӣ барои ҳимояи манофеъ ва ҳуқуқҳо ба Девони вазирон дастур дода мешавад, ки барои рӯёнидани ҷуброни ғасби муваққатии бархе аз қаламрави Украина тасмимот бигирад", — омадааст дар хабар.
"Аз ҷумла, ба сурати доимӣ бояд мушшахассозии миқдорои хисорот аз ҷилавгирӣ барои иҷрои аҳдофи давлати Украиан дар қаламрави Ҷумҳурии Мухтори Қрим ва Севастопол дар мавриди ҳуқуқҳои моликиятӣ анҷом дода шаванд. Якҷо бо Донишкадаи миллии пажӯҳишҳои стратегӣ ва дигар муъассисоти илмиву таҳлилӣ дастур мешавад, ки мавқеъи Украина дар робита ба манофеъи мулкии давлатро таҳия кунанд", — гуфта шудааст дар хабар.
Дар тӯли як моҳ Девони вазирони Украина муваззаф аст иқдомоте барои баргузории музокирот бо ҷониби Русия барои ҳалли муноқишаи миёни Украина ва ФР дар мавриди тавзеъ ва истифодаи Қарордоди миёни девони вазирони Украина ва ҳукумати Русия дар заминаи ҳимоят ва дастгирии сармоягузории мутақобилро рӯйи даст бигирад, зикр шудааст дар хабар.
Ба ВКХ Украина дастур шудааст, ки ироъаи хадамоти ҳуқуқӣ дар робита ба ҳимояи манофеъи Украина барои ҳалли муноқишаи миёни Украина ва ФР дар робита ба тавзеъ ва истифодаи қарордоди зикршуда, харидорӣ кунад.
Қрим баъд аз баргузории ҳамапурсӣ дар моҳи марти соли 2014, ки дар он бештаре аз сокинони он замони мухторияти украинӣ, ки қонунӣ будани табаддулоти моҳи феврал дар Украинаро напазируфтанду барои пайвастан ба Русия раъй доданд, дубора қаламрави Русия шуд. Москав зикр мекунад, ки баргузории ҳамапурсӣ дар Қрим ба муқаррароти қавонини байналмиллалӣ ва Ойинномаи СММ мутобиқ аст. Украина то ҳол Қримро қаламрави худ медонад ва иддаъо дорад, ки он ба сурати муваққат ғасб шудааст.
Моҳи феврали соли 1945 вилояти Қрим, ки он замон қаламрави Русия Шӯравӣ дониста мешуд, бо фармони раёсати Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайъати Украинаи Шӯравӣ гузаронида шуда буд.