ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ислоҳоти пешниҳодшудаи Қонуни асосӣ аз сӯйи раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко, ба гуфтаи вай, ба мақоми Қрим ва Севастопол дахл надоранд, менависад РИА Новости.
Зикр мешавад, ки мақомоти Киев ҳамчунон нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастополро қаламрави сарзамини худ медонанд.
Тарҳи ислоҳот ба Қонуни асосии Украина, ки ба ғайримарказкунии кишварро дар назар дорад, дар ҳафтаи гузашта комиссияи Қонуни асосӣ таъйид карда буд. Баъд аз он, ки ин санад аз сӯйи Порошенко таъйид шавад, вай ӯро барои тасвиб ба Радаи Олӣ ирсол мекунад.
"Худмухтории Қрим дар Қонуни асосии феълӣ дақиқ шуда вай аз салоҳиятҳои фаровоне бархурдор мебошад ва ин мақоми Қрим ва Севастопол ҳифз шудаанд", — гуфт Порошенко рӯзи чаҳоршанбе зимни муъаррифии ислоҳот дар бахши ғайримарказкунии қудрат.
Дар ҳамин ҳол ба эътиқоди нахуствазири собиқи Украина Николай Азаров, ислоҳоте, ки Петр Порошенко ба Қонуни асосӣ ворид кардани аст, ба вай салоҳияти беканор медиҳанд.
"Имрӯз ба шумо бар ивази Қонуни асосии демократӣ дар асли санади худкомаеро пешниҳод кардаанд, ки Порошенкоро ба худкомаи Амрикои лотинӣ табдил дода ба вай салоҳияти беканор медиҳаду равобити мақомоти иҷроия ва додгоҳиро ба ҳам мезанад", — иқтибос овардааст РИА Новости аз суханони Азаров, ки дар сафҳааш дар Facebook мунташир шудаанд.
Ба эътиқоди вай, дар сурати тасвиби ин ислоҳот, Порошенко аз ҳаққи барканории мақомоти маҳаллӣ бархурдор мешавад. Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки қонуни асосии ҷадид "роҳро барои сулҳу суббот" дар Украина боз намекунад.
16 марти соли 2014 бештаре аз сокинони Қрим ва Севастопол дар ҳамапурсии мардумӣ ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба Федератсияи Русия раъй доданд. Мақомоти Русия бар ин назар аст, ки ҳамапурсӣ дар Қрим мутобиқ ба мавозини байналмиллалӣ ва ойинномаи СММ баргузор шудааст. Радаи Олии Украина ба навбаи худ Қримро "манотиқи муваққатан забтшуда" медонад.