Дар ҷашнҳои Кӯлоб 500 донишҷӯ раҳпаймоӣ мекунанд

© SputnikДонишҷӯёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Донишҷӯёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Кӯлоб якбора чанд ҷашн таҷлил мешавад. Барои ширкат дар ин ҷашнҳо раиси ҷумҳур ташриф мебарад.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Имсол, ба фарқ аз маъракаҳои гузашта, барои ширкатдорони фаъоли маъракаҳои тантанавӣ дар Кӯлоб дар ҳаҷми 100 сомонӣ ҳаққи хизмат пардохт мешавад, навиштааст Радиои Озодӣ.

То рӯзи 3000-солагии Ҳисор бунёди иншооти ҷашнӣ ба анҷом мерасад

Дар ҷашнҳои тантанавии шаҳри Кӯлоб охири моҳи август ва аввали моҳи сентябр 500 донишҷӯ ҳам иштирок мекунанд. Дар Кӯлоб якбора чанд ҷашн — 700-солагии мавлуди мутафаккири форсу тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва соли Пойтахти фарҳангӣ эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар миёни кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ таҷлил шавад. Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Кӯлоб низ дар чорчӯби ҳамин ҷашнҳо дар охири моҳи август ва аввали моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзи дониш, ки ҳар сол 1 сентябр таҷлил мешавад, ин навбат дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо ширкати президент сурат мегирад. Аз ин хотир, раҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз ҳоло барои ифтитоҳи бинои нави ҳафттабақаи донишгоҳ ва баргузории Рӯзи дониш омодагӣ мебинад.

Оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашни Алии Ҳамадонӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мешавад

Масъулони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 24 август ба Озодӣ гуфтанд, ки дар маҷмӯъ барои ширкат дар маршировкаҳои идона ба муносибати ташрифи раиси ҷумҳур, ки дар расми кушоиши чандин иншоот низ ширкат мекунад, аз донишгоҳ 500 донишҷӯ сафарбар шудааст.

Масъулон мегӯянд, тамрини донишҷӯён рӯзи 10 август шурӯъ шуда, дар назди донишгоҳ ва дигар иншоот, ҳамчунин Амфитеатри Кӯлоб ҷараён доранд ва то имрӯз ба 180 донишҷӯ барои ширкати фаъолашон дар ин раҳпаймоиҳо 100 сомонӣ барои ҳар кадоме ҳақмузд пардохт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0