ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар робита ба 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 5-6-уми сентябр дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд, менависад АМИТ Ховар.
Ин ҳамоиш таҳти номи "Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, замони ӯ ва нақши он дар тамаддуни Осиёи Марказӣ" доир хоҳад шуд.
Донишмандону муҳаққиқон ва ҳамадонишиносон аз Русия, Амрико, Фаронса, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Ӯзбакистон даъват шуда, маърӯза хоҳанд кард.
Аскаралӣ Раҷабов, котиби масъули баргузории ҳамоиш ба ифтихори Алии Ҳамадонӣ 5 сентябр маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад.
Идомаи ҳамоиш 6 сентябр дар шаҳри Кӯлоб идома ёфта, меҳмонон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро, ки дар он шаҳр воқеъ аст, зиёрат намуда, ёдгориҳои қадимии Ҳулбукро тамошо хоҳанд кард.
Ин ҳамоиш бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон барпо мешавад ва ҳадафаш омӯзиши паҳлуҳои мероси Алии Ҳамадонӣ, таҳқиқи замони шоир, нақши ин мутафаккир дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва Ҳинд мебошад.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 1314 дар минтақаи Кӯлоб аз дунё гузаштааст. Аммо соли таваллуди вай дақиқ нест. Бино бар шаҳодати муҳақиқон, Алии Ҳамадонӣ дар Ҳамадони Эрон таваллуд ва баъд аз таҳсили илм ба минтақаи Кӯлоби Тоҷикистони имрӯза сафар кардаву инҷо дафн шудааст.
Ҳамадонӣ асосан бо асарҳои насрии худ аз қабили "Макорим-ул-ахлоқ", "Захират-ул-мулук", "Анвор-ул-азуор", "Вуҷудия", "Кашф-ул-ҳақоиқ" ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузоштааст. Аз Ҳамадонӣ ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ низ мерос мондааст.