https://sputnik.tj/20150814/1016401344.html
То рӯзи 3000-солагии Ҳисор бунёди иншооти ҷашнӣ ба анҷом мерасад
То рӯзи 3000-солагии Ҳисор бунёди иншооти ҷашнӣ ба анҷом мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Барои беҳдошти шароити некӯаҳволии мардум ва ба шаҳри наву замонавӣ табдил додани Ҳисори бостонӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 400 иншооти хурду... 14.08.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-08-14T08:00+0500
2015-08-14T08:00+0500
2021-07-07T17:40+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101560/53/1015605389_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_256173103f33e82b63ea88bb84b70a92.jpg
ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, иқтисод, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, ҳисор, қоҳир расулзода, нахуствазири тоҷикистон, ҳукумати ҷт, қалъаи ҳисор, ширкати "корвони аср", ошноӣ бо иншооти ҷашнӣ, дастури сарвазир
фарҳанг, иқтисод, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, ҳисор, қоҳир расулзода, нахуствазири тоҷикистон, ҳукумати ҷт, қалъаи ҳисор, ширкати "корвони аср", ошноӣ бо иншооти ҷашнӣ, дастури сарвазир
То рӯзи 3000-солагии Ҳисор бунёди иншооти ҷашнӣ ба анҷом мерасад
08:00 14.08.2015 (Навсозишуда: 17:40 07.07.2021) Барои беҳдошти шароити некӯаҳволии мардум ва ба шаҳри наву замонавӣ табдил додани Ҳисори бостонӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 400 иншооти хурду бузурги хизматрасонӣ, энергетикӣ, обу корезӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, қисми зиёде онҳо аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Баъд аз зӯҳри дирӯз нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии шаҳр ошно шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
Ба иттилоъи манбаъ, айни замон дар ду канори роҳи марказии ноҳия бунёди варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби перезидентӣ, осорхонаю китобхона, қасри фарҳанг ва мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии "Қалъаи Ҳисор" қариб ба анҷом расида, қисман корҳои таъмини иншоот бо барқу об ва ороиш боқӣ мондааст.
Барои беҳдошти шароити некӯаҳволии мардум ва ба шаҳри наву замонавӣ табдил додани Ҳисори бостонӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 400 иншооти хурду бузурги хизматрасонӣ, энергетикӣ, обу корезӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, қисми зиёде онҳо аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар иншоотҳои дигари ҷашнӣ корҳои пешбинишуда дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Дар ҷамоати деҳоти "Шарора" корхонаи хиштбарории «Корвони аср» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, иқтидори лоиҳавии он ба истеҳсоли 45 миллион дона хишт дар як сол баробар буда, дар он 80 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Инчунин, соҳибмулки корхонаи мазкур бунёди мактаб барои 640 хонандаро дар деҳаи деҳаи Уртабуз ба зимма гирифтааст.
Бо дастури нахуствазир дар иншооти номбурда то рӯзҳои наздик ба ҷашн корҳои боқимонда бояд пурра ба анҷом расонида шаванд.