ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. "Муаллим" ва "Гунҷишки сафед" — ду филми таҳиягарони тоҷик ба барномаи озмунҳои ҷашнвораи байнулмилалии "Минбари тиллоӣ" дар шаҳри Қазони Русия ворид шудааcт, менависад Радиои Озодӣ.
Ин ҷашнвора 5 сентябр дар пойтахти Тотористон ифтитоҳ мешавад. Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ва меҳмони фахрии ҷашнвораи байнулмилалии синамои Қазон, ба Озодӣ гуфтааст, филми "Муаллим"-и таҳиягар Носир Саидов аз ин пеш дар чанд ҷашнвораи байнулмилали синамо соҳиби ҷоизаҳо шуд.
Дар ҷашнвораи байнулмилалии Инсбруки Австрия, ки аз 2 то 7 июн гузашт, "Муаллим" ҷоизаи "Беҳтарин филм"-ро ба худ ихтисос дод. Марат Орифов, ҳунарманди тоҷик, бошад барои нақши асосӣ дар ин филм дар ҷашнвораи байналмилалии "Фаҷр" дар Эрон, "Беҳтарин бозигар" дониста шуда буд. Барои ҷоизаи озмуни асосии ҷашнвораи Қазон 50 филми таҳиягарони 25 кишвар сабқат хоҳанд кард.
Синамогарони тоҷик ба комёбии филми "Гунҷишки сафед"-и Диловар Султонов ба ҷашнвораи Қазон ҳам умед бастаанд. "Гунҷишки сафед" барои дарёфти ҷоизаи ҷашнвораи дар озмуни филмҳои кӯтоҳ сабқат хоҳад кард. Филмномаи онро таҳиягари маъруфи эронӣ Мӯҳсини Махмалбоф аз рӯи ҳикояи ҳамноми адиби тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ навиштааст ва дар он дунёи пур аз тахаюли як тифли тоҷик инъикос шудааст.
"Гунҷишки сафед" нахустин филми ҳунарии Диловар Султонов, аз шогирдони Мӯҳсини Махмалбоф, аст, ки дар студияи "Тоҷикфилм" рӯи навор омадааст. Ин дебюти Диловар дар арсаи таҳиягарист, зеро ӯ аз ин пеш дар монтаж ё бандубасти филмҳои Носир Саидов ширкат дошт, мегӯяд Сафари Ҳақдод.
Озмуни филмҳои мустанад дар ҷашнвораи Қазон имсол бидуни офаридаҳои синамогарони Тоҷикистон мегузарад, аммо забони тоҷикӣ дар ин озмун ҳам садо хоҳад дод — филми Алексей Суховей "Меҳмонон" ("Гости") аз ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷик дар як деҳаи дури русӣ қисса мекунад. Ин филм, ки дар тавлиди он синамогарони се кишвар — Русия, Фаронса ва Олмон саҳм гирифтаанд, аз саҳнаи аксгирии як хонаводаи тоҷик қабл аз муҳоҷирати саробони оила ба Русия шурӯъ мешавад ва зиндагии ин мард ва дигар муҳоҷиронро дар як деҳаи дури Русия дар се фасли сол бидуни рангубор ва арзёбӣ инъикос мекунад. Онҳо ҳамроҳ дар шароити сахт ҷангал мебуранд, сӯхторро хомӯш мекунанд ва иқрор мекунанд, ки ин гуна зиндагиро маҳз ба хотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои дар Тоҷикистон мондаашон интихоб кардаанд.