ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Намоиши филми мустанади коргардони шинохтаи тоҷик Сафарбеки Солеҳ бо номи "Комил" дар барномаи байналмилалии телевизионӣ сурат мегирад, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
Як чунин даъват барои ширкат дар ҷашнвораи телевизионӣ аз ҷониби Валерий Рузин, президенти Академияи телевизион ва радиои Русия унвонии Сафарбеки Солеҳ ирсол шудааст.
"Филми "Комил" аввалин талоши синамогарони тоҷик бо истифода аз маъхазҳои таърихӣ ва сӯҳбатҳо бо шахсони маъруф кушодани ҷанбаҳои номушаххаси ҳаёти яке аз маъруфтарин ҳунармандони тоҷик Комил Ёрматов мебошад",- иброз доштааст Рузин.
Ба қавли Сафарбеки Солеҳ, 36 соат маводи филми мазкур дар Тошканд, Маскаву Душанбе, Санкт-Петербургу Хуҷанд, Конибодому Ню-Йорк омода шуда, па аз он шакли комили филми мустанади "Комил" омода шудааст.
Комил Ёрматов аввалин нафаре буд ки дар аввали асри бист таҳсилоти ҳирфаии синаморо дар Маскав назди Сергей Эйзенштейн анҷом дод. Филми аввалини мукаммали ҳунарии ӯ беҳтарин филми соли 1932 Шўравӣ маҳсуб шуд, иттифоқан ин охирин филми бесадо. Ӯ ҳам муаллиф, ҳам коргардон ва ҳам иҷрокунандаи нақши асосӣ буд. Аввалин бор дар ин филм София Тўйбоева низ нақш офариданд ва ҷоизаҳои роиҷи он замонро бо шумули соатҳои тиллоӣ соҳиб шуданд.
Нахустнамоиш "Комил" бошад дар таърихи 20-уми январ бо мусоидати Сафорати ҶТ дар ФР дар шаҳри Маскав баргузор шуда, дар он намояндагони корпусҳои дипломатии Маскав, зиёиён, олимон, намояндагони диаспораҳои тоҷику ӯзбак ширкат карданд.