Филми тоҷикии “Тасфия” довталаби ҷоизаи беҳтари филми минтақа шуд

Обуна шудан
Филми коргардони филмсози тоҷик дар баробари осори филмсозони Қазоқистону Ӯзбекистон довталаби ҷоизаи филми беҳтарини Осиёи Марказӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Филми "Тасфия"-и коргардони ҷавони тоҷик Шарофат Арабова довталаби ҷоизаи "Беҳтарин филми Осиёи Марказӣ" дар ҷашнвораи IY Миллии Қирғизистон "Ак Илбирс" 2015 шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии ин ҷашнвора.

Дар баробари филми тоҷикӣ филми "Соҳибон"-и филмсози қазоқистонӣ Адилхан Ержанов ва "Чилла"-и коргардон Саодат Исмоилова аз Ӯзбекистон довталаби ҷоизаи ин ҷашнвора шудаанд.

Маросими расмии эътои ин ҷоиза 16 май дар кинотеатри "Манас"-и Бишкек баргузор мешавад.

Тарҳи ин филмномаро шоир, нависанда ва намоишгари тоҷик Тимур Зулфиқоров навиштааст. Дар гузашта матни ин филмнома дар озмуни 5-уми Ҷашнвораи байналмиллалии Уран дар Рио-де-Жанейро, ҷашнвораи шашуми байналмиллалии "Дидор", Ҷашнвораи ҳафтуми кишварҳои Ховари миёна ва Африқои Шимолӣ "Манораи София" дар Булғористон ширкат кардааст.

Филми коргардони тоҷик дар лоиҳаи телевизионии “Чеҳраи Авруосиё”

Нақши аслӣ дар ин филмро ҳунарманди саршинос Хуршед Мустафоев иҷро кардааст. Ҳамчунин дар наворбардории ин филм ҳунармандони саршиноси тоҷик ба мисли Шералӣ Абдулқайсов, Қамариддин Мирзоев, Ваҳҳоб Дӯстов, Диловар Неъматов, Исо Абдурашидов ва ҳунармандони ҷавон Рудоба Маҳмудова ва Шоҳрух Ҳамзазода мушорикат кардаанд.

Арабоваи 29 сола ба ҷуз аз "Тасфия" боз 5 филми кӯтоҳ ба забонҳои англисӣ ва ҳиндӣ ба навор гирифтааст.

Филми офаридаи вай "In Between" ("Дар миён") соли 2013 дар чанд ҷашнвораҳо дар Ҳинд ва Қирғизистон намоиш дода шудааст. Ин филм барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи III байналмиллалии кишварҳои ИДМ, кишварҳои соҳили Балтик ва Гурҷистон "Қирғизистон — ватани филмҳои кӯтоҳ" дар Бишкек шудааст.

Ҷоизаи киносозии "Ак Илбирс" соли 2012 аз сӯйи киносозони маъруф таъсис шуда нахустин ҷоиза барои дастовард дар арсаи филмсозӣ дар қаламрави Қирғизистон мебошад.

Ин ҷоиза ҳамасола дар 16 бахш, аз ҷумла барои "Беҳтарин филми Осиёи Марказӣ" ва "Саҳм дар киносозии ҷаҳонӣ" эъто мешавад.

Лентаи хабарҳо
0