Bloomberg уфти сомонӣ, сом ва манатро пешбинӣ мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевОвезаи нуқтаи табодули арз дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Овезаи нуқтаи табодули арз дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эҳтимол дорад дар бархе аз кишварҳо беқурбшавии пули миллӣ ба далоили сиёсӣ сурат бигирад.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Коҳиши қурби рубли русӣ ба кишварҳои пасошӯравӣ, ки бо Русия иртибототи тиҷоратӣ доранд, ба таври вижа таъсир мекунад, менависад агентии Bloomberg.

Беқурбшавии тенгеи Қазоқистон метавонад ба пули миллии Тоҷикистон ва Туркманистон таъсири манфӣ бирасонад. Дар мавриди манати туркманӣ SEB шведӣ уфти онро дар нимсолаи наздик 20% пешбинӣ кардааст. Сомонии тоҷик метавонад 10-20% уфт пайдо кунад.

Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Доналд Трамп дар бораи беқурбшавии юан: Чин ИМА-ро нобуд мекунад

Bloomberg беқурбшавии соми қирғизиро низ пешбинӣ кардааст. Субҳи имрӯз баъд аз беқурбшавии дирӯзаи тенге соми қирғиз низ то ҳадди 67 сом барои як доллар пойин рафт. Нимарӯзӣ қурби сом ба ҳадди 65,5 сомонӣ барои як доллар баргашт.

Дар маҷмӯъ дар бархе аз кишварҳои беқурбшавии пули миллӣ ба далоили сиёсӣ сурат хоҳад гирифт. Bloomberg ҳадс мезанад, ки вазъият дар Миср метавонад ба уфти фунти он ҷо то ба 22% дар тӯли як соли оянда мунҷар шавад. Ба далели баргузории интихоботи қабл аз мӯҳлати порлумонӣ дар Туркия лираи он ҷо низ бо чунин хатар мувоҷеҳ мешавад.

Иртибототи қавии тиҷоратии Чин бо Замбия метавонанд ба пули миллии ин кишвар квача низ таъсир бигзоранд ва коҳиши захойири арзӣ метавонад ба ринггити Малайзия таъсири манфӣ расонад, ки ба нуқтаи пастарини худ дар 17 соли ахир уфт кардааст.

Ба атбоъи Қазоқистон хисорот аз пасандозҳоро бо танга ҷуброн мекунанд

Bloomberg ҳамчунин уфти пулии миллии Гана — седиро пешбинӣ мекунад. Авомили ин амр аз чанд нуқта иборат аст: уфти арзиши нафт, болоравии сареъи таваррум ва ҳамчунин афзоиши қарзҳои беруна.

Уфти риёли Арабистони Саъудӣ низ баъйид нест. Bloomberg зикр мекунад, ки мақомоти ин кишвар барои нигаҳдории қурб аз захойири зарурӣ бархурдоранд, аммо қаллобон метавонанд уфти қиммати нафтро далел пеш биоваранд.

Ин далел метавонад ба уфти 20% найраи нигериягӣ низ сабаб шавад.

Лентаи хабарҳо
0