ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Номзад ба курсии райисҷумҳур аз ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки беқурбшавии юани Чин ба Амрико таъсири манфӣ мерасонад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Reuters.
"Онҳо моро нобуд кардан мехоҳанд. Онҳо қурби асъорашонро коҳиш медиҳанд ва дар оянда низ ин корро идома медиҳанд. Бо ин роҳ беқурбшавии бесобиқаи юанро ба вуҷуд меоранд, ин барои мо хатари бузург дорад",- гуфт сиёсатмадор.
Аснои мусоҳиба бо шабакаи CNN ҷаноби Трамп иброз кард, ки "Чин аз ҳисоби ИМА доро (бой) шуд, аз Амрико ҷойҳои кориро кашида гирифт".
Тибқи иттилои Reuters, мавзӯъи Чин номзад ба маснади президентии ИМА ва миллиардери амрикоиро нигарон карда, шурӯъ аз рӯзҳои нахустини сабқати президентӣ, Трамп ваъда дод, ки барои пуштибонӣ аз иқтисоди Амрико бо Пекин "бо лаҳни дурушт" гуфтугӯ хоҳад кард.
Доналд Трамп ҳоло дар сабқати президентӣ мақоми пешсафиро бо касби 24%-и овози пурсидашудаҳо соҳиб аст, аммо номзади дигар- собиқ сенатор аз аёлати Флорида Ҷэб Буш, баръакс, 5% раъйро аз даст дода, 12% ҷонибдор дорад. Дигар муддаиёни курсии райисҷумҳур на бештар аз 8% овози қаблиро ба даст овардаанд.
Пас аз пойин бурдани қурби чинӣ аз ҷониби Бонки мардумии Чин дар рӯзи сешанбе арзиши 6,2298 юан ба 1 доллар баробар шуд. Як рӯз қабл аз он, бо як доллар 6,1162 юанро иваз кардан мумкин буд.