ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Бонки миллии кишвар дастур дод, ки дар пайи беқурбшавии пули миллӣ пасандозҳои мардум дар бонкҳо бо танга ҷуброн шаванд.
Субҳи рӯзи панҷшанбе нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов дар бораи гузариш ба сиёсати ҷадиди моливу қарзӣ, ки бар пояи қурби озоди тенге асос ёфтааст, эълом кард. Дар пайи ин хабар қурби пули миллии Қазоқистон то 255 тенге барои як доллар пойин рафт ва дар як шабонарӯз 26% ва аз авоили соли ҷорӣ 31% арзиши худро аз даст дод.
Назарбоев қаблан изҳор дошта буд, ки роҳи дигаре вуҷуд надорад: қурби озод имкон медиҳад рақобатпазирии иқтисоди кишвар ва захойир ҳифз карда шаванд.
"Барои коҳиши хисороти аҳолӣ аз тағйири қурб ба Бонки миллӣ дастур медиҳам, ки наҳваи ҷуброни пасандозҳои ашхоси воқеъиро, ки то 18 августи соли 2015, яъне ду рӯзи гузашта боз кардаанд, таҳия кунанд", — гуфт Назарбоев рӯзи панҷшанбе дар дидор бо намояндагони тиҷорат.
"Ба шаҳрвандон фарқияти қурбӣ тибқи қурби қаблӣ дар сурате ҷуброн мешавад, ки агар онҳо пасандозҳои худро ба ҳисобҳои вижа мунтақил дода маболиғи худро дар бонкҳо тӯли як сол ҳифз кунанд", — афзуд Назарбоев.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳур ин амр метавонад 1,7 миллион нафарро кӯмак кунад.
Дар авосити моҳи июл Бонки миллии Қазоқистон ҳавзаи тағйирёбии қурби тенгеро аз 170-188 то 170-198 тенге барои як доллар тавсеъа дод ва ин амрро ба бадшавии авомили беруна ва бавижа пойин рафтани қиммати нафт марбут донист.
Рӯзи чаҳоршанбеи 19 август беқурбшавии танга сареъан шиддат гирифт ва қурби доллар дар бозор ба ҳадди ниҳоии ҳавза наздик шуд.