Қазоқистон содироти маводди сӯхтиро маҳдуд кард

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкҚатори ҳомили маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ
Қатори ҳомили маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо роҳандозии маҳдудияти муваққатии содироти маводди сӯхтӣ аз Қазоқистон берун аз қаламрави гумрукии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҶҚ бозори худро аз камбуди маводди сӯхтӣ, ки ҳамасола дар тирамоҳ ба ҳангоми ҷамъоварии ҳосил пайдо мешавад, ҳимоят мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Аз моҳи август Қазоқистон содироти маводди сӯхтии худ ба кишварҳои берун аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро қатъ мекунад, хабар медиҳад CA-News.

Маҳдудият дар содироти маводди сӯхтӣ тайи шаш моҳ идома меёбад. Ба ин тартиб, Қазоқистон қасд дорад бозори дохилиро аз камбуди маводи сӯхтӣ, ки ҳамасола дар фасли тирамоҳ ба ҳангоми ҷамъоварии ҳосил пайдо мешавад, ҳимоят кунад.

"Роҳандозии маҳдудият барои шаш моҳ ба содирот аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон ба кишварҳои берун аз марзи гумрукии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, аз ҷумла маводди сӯхтии содда назири керосин, газойл, маводди сӯхтии дизелӣ ва ғайра", — зикр шудааст дар санад.

Дар баҳори соли ҷорӣ Қазоқистон маҳдудият ба воридоти маводди сӯхтии Русияро ба манзури ҳифзи корхонаҳои коркарди нафти дохилӣ аз рақобатҳо роҳандозӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0