ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Нурсултон Назарбоев, райисҷумҳури Қазоқистон талаб дорад, ки ба ҷои аксҳои ӯ тоблуҳои иттилоотӣ дар мавриди бо ҷои кор таъмин кардани шаҳрвандонро гузоранд, менависад сомонаи Tengrinews.kz.
"Барои он ки рушди 6 дарсадии иқтисоди Қазоқистонро таъмин намоем, ҳамасола бояд беш аз 10 ҳазор ҷои кори нав таъсис диҳем, инро ҳама бояд донанд. Мо бояд дар дарвозаи ҳар як вилоят тоблуҳои таблиғотии ҷойҳои корро насб намоем, на акси президентро. Бигузор, ВАО нишон диҳад, ки кӣ ва кадом корхона чӣ қадар ҷойи кори нав муҳайё сохтааст",- иброз дошт Назарбоев дар ҷаласаи бахши саноати кишвар.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон низ аксҳои хурду бузурги райисҷумҳурро дидан мумкин аст. Дар канори роҳҳо, пештоқи корхона ва ҳатто мактабу боғчаҳои бачагона расми сарвари давлат насб гардидааст.
Чанд сол қабл Раҳмон истифодаи аксу суратҳояшро ҳамроҳ бо мансабдорони дигар манъ карда буд.
Он вақт Хадамоти матбуотии президент дар шарҳи қазия гуфт, сарвари давлат аз шеваи истифодаи аксҳояш бо мансабдорон ба мақсади таблиғи шахсияти онҳо мухолиф аст.