Дафтари ҲХДТ дар пайи санҷиши сӯхторнишонҳо баста шуд

© Sputnik / Максим БогодвидОпечатанная дверь. Архивное фото
Опечатанная дверь. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сӯхторнишонҳо то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, дари ҳуҷраҳои кории 6 ҳизби сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла ҲХДТ-ро бастанд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Мақомоти интизомии Тоҷикистон бо тафтиши бехатарии дафтарҳои кории 6 ҳизби сиёсии кишвар, ҳуҷраҳои кории онҳоро то замони мутобиқ шуданашон ба меъёрҳои бехатарии сӯхтор бастаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

Насби таҷҳизоти нав дар матбааи рӯзномаи Московский комсомолетс - Sputnik Тоҷикистон
Дари чопхонаи “Муаттар”-и ҳизби наҳзатро мӯҳр гузоштанд

Аз ҷониби гурӯҳи кории созмондодашудаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади пешгирии сӯхтор ва таҳкими бехатарии оташнишонӣ нисбати беш аз 186 иншооту биноҳои давлатию хусусӣ ва дигар сохтмонҳои хоҷагии халқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои санҷишӣ-профилактикӣ амалӣ гардонида шудааст, омадааст дар сомона.

Зимни ин чорабиниҳо, ҳамчунин ҳуҷраҳои кории ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, воқеъ дар бинои "Кохи Ваҳдат", Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар бинои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар бинои Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар бинои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кӯчаи Борбад ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар рафти санҷишҳо маълум гардид, ки ҳуҷраҳои кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо системаи автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда муҷҷаҳаз гардонида нашудааст, васл ва истифодабарии ноқилҳои барқии ду ҳуҷраи корӣ ба Қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ ҷавобгӯ нестанд.

Анҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар “ҳизби ҳоким” санҷиш баргузор мешавад

Ҳуҷраҳои кории Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон бошад, бо воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ таъмин карда нашудааст, утоқҳо бо системаи автоматикии аз сӯхтор огоҳкунанда муҷаҳҳаз нест. Ҳамчунин, бинои маъмурӣ ва биноҳои ёрирасони қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо системаи воқифкунанда таҷҳизонида нашудааст, сипари оташнишонӣ бо воситаву асбобҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ пурра таъмин карда нашудааст, конструксияҳои аз чӯб сохташудаи биноҳо бо маҳлули кимиёвии аз сӯхтор муҳофизаткунанда коркард нашудааст, манбаҳои обии оташнишонӣ мавҷуд нест, ноқилҳои барқии биноҳои нашрияи қароргоҳ ва дигар биноҳо бар хилофи талаботи Қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ гузаронида шуда, аз санҷишҳои муқовимати барқӣ нагузаштааст.   

"Мавриди зикр аст, ки дар бинои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон санаи 23 октябри соли 2010 ҳодисаи сӯхтор ба амал омада буд, ки сабаби сар задани он расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ буд. Инчунин, васл ва истифодабарии ноқилҳои барқии ҳуҷраҳои кории Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ ҷавобгӯ набуда, ба истифодаи фурӯзонакҳои тафсон роҳ дода шудааст", — хабар медиҳад ВКД.

Дар натиҷаи санҷишҳо барои роҳ додан ба камбудию норасогиҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳуҷраҳои кории Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боз дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0