Дари чопхонаи “Муаттар”-и ҳизби наҳзатро мӯҳр гузоштанд

© Sputnik / Руслан КривобокНасби таҷҳизоти нав дар матбааи рӯзномаи "Московский комсомолетс"
Насби таҷҳизоти нав дар матбааи рӯзномаи Московский комсомолетс - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумиссиёне иборат иборат аз намояндагони чор вазорату идораҳои ҳукумати кишвар ба қароргоҳи ҲНИТ омада, баъд аз санҷишу ошкорнамоии баъзе аз камбудиҳо муваққатан фаъолияти матбааи "Муаттар”-ро боздоштанд.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Фаъолияти нашриёти "Муаттар"-и ҲНИТ, ки дар он нашрияи марказии ин ташкилоти сиёсӣ- ҳафтаномаи "Наҷот" ба нашр мерасад, аз ҷониби ниҳодҳои ҳукуматӣ муваққатан қатъ карда шуд, менависад сомонаи расмии ҳизб.

Қароргоҳ (дафтари марказӣ)-и ҲНИТ дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров: ҲНИТ шонси боқӣ монданро аз даст додааст

Нимаи дуюми рӯзи чаҳоршанбе як гуруҳ аз намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, "Тоҷикстандарт", Идораи санитарӣ- эпидемиологӣ дар асоси мактуби вазорати фарҳанг дар чопхона санҷиш гузаронда, ба дари чопхонаи ҳизб мӯҳр заданд.

"Масъулини ҳукуматӣ Баъзе камбудиҳоро ба мисли надоштани оби гарм, аз нишондод зиёд нашр кардани ҳафтаномаи "Наҷот" ва амсоли инро сабаби мӯҳр задан маънидод карданд ва ваъда карданд, ки баъд аз ду рӯз иҷозат ба фаъолияти онро хоҳад дод",- қайд мешавад дар иттилоъи мазкур.

Ҳамзамон, ОИ Tojnews ба истинод ба масъули чопхонаи "Муаттар"менависад, "барои бартараф кардани камбудиҳо интизори занги телефонии масъулини идораи санитарӣ-эпидемиологӣ ҳастем".

Дар пайи бастани дари нашриёт, щафтаномаи  "Наҷот" бо теъдоди хеле кам нашр шудааст.

Лентаи хабарҳо
0