ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раҳбари Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои интихоби номзадҳои беҳтарин ҳамҳизбонаш аз санҷиш бигзаранд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
"Мо бояд номзадҳои беҳтаринро зимни таъйинот ба вазифаҳои масъул ё дар интихобот мушшахас созем", — изҳор дошт дар сӯҳбат бо радио намояндаи расмии ҲХДТ Усмон Солеҳ.
Вай ҳамчунин хабар дод, ки санҷиш дар зудтарин фурсат оғоз мешавад. Ба ҷуз аз аҳдофи зикршуда раҳбарияти ҳизб ҳамчунин қасд дорад аз ин роҳ теъдоди дақиқи худ дар бахшҳои ибтидоӣ ва маҳалли будубоши онҳоро мушшахас созад.
"Бархеҳо бо далоили мухталиф ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Русия сафар мекунанд. Мо бояд дақиқи бидонем, ки аъзои ҳизби мо дар куҷо қарор доранд", — зикр кард дар сӯҳбат бо Озодӣ Солеҳ.
ҲХДТ — ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон мебошад. Ин ҳизб аз раиси ҷумҳурӣ феълӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки раҳбараш мебошад, пуштибонӣ мекунад. Дафтари марказии ин ҳизб дар Кохи Ваҳдат дар Душанбе ҷойгир аст.