Бердимуҳаммадов: ҳалли масоили Афғонистон аз роҳи низомӣ имкон надорад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркманиаш
Дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркманиаш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъият дар Афғонистон мавзӯъи меҳварии дидори раҳбарони ду кишвар буд. Руасои ҷамоҳири Тоҷикистон ва Туркманистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки зарфияти сулҳофаринро бештар истифода кунанд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Роҳҳои ҳалли низомии масоили дохилии Афғонистон ғайримуассир мебошанд ва зарфиятҳои сулҳофарини ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд дар ҳалли ин амр бештар истифода шаванд, зикр кард раиси ҷумҳури Туркманистон дар ҷараёни дидор бо раҳбари Тоҷикистон, хабар медиҳад сомонаи "Туркменистан золотой век".

Дидори руасои ҷамоҳир Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Ашқобод сурат гирифт, ки ба ин шаҳр раҳбари Тоҷикистон бо сафари расмӣ ворид шуд.

Боевики Талибан на пути Баглан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: дар 2 рӯз толибон 40 музофотро дар марзи Туркманистон гирифтаанд

Вазъият дар Афғонистон яке аз мавзӯъоти меҳварӣ дар ин дидор буд. Раҳбарони кишварҳо зикр карданд, ки ҳалли масоили ин кишвар танҳо аз роҳҳои мусолиҳатомез имконпазир мебошад. Таъкид шуд, ки дар ин амр нақши муҳимро бояд Маркази минтақавии дипломатияи сулҳофарин дар Осиёи Марказӣ иҷро кунад.

"Туркманистон ва Тоҷикистон ҷонибдори ироъаи пуштибонии фаъоли байналмиллалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон, пайвастани сареъи ин кишвар ба равандҳои байналмиллалӣ ва минтақавии иқтисодӣ мебошанд. Бавижа ин нукта ба арсаҳои ҳаётан муҳим назири энержӣ ва нақлиёт вобаста аст", — зикр шуд дар ҷараёни дидор.

Изҳори нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи Афғонистон ва марзи муштарак

Амният дар минтақа мавзӯъи муҳим аст ва раҳбарони кишварҳо аз ҷилавгирии вазъҳои бӯҳронӣ, ҳалли мусолиҳатомези куллияи масоил аз роҳҳои дипломатӣ, тақвияти ҳамгиройӣ ва ҳамсоягӣ таъкид доштанд.

Ин ду кишвар омода ҳастанд ҳамдигарро дар ҷилавгирӣ аз терроризм, талоши тавзеъи ақоиди ифротгароӣ, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ, ки ба қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва инсон машғуланд, пуштибонӣ кунанд.

Музокироти ҳайъатҳо ҳамчунон идома доранд. Дар поёни ин музокирот қарордодҳо дар бораи ҳамкорӣ дар Кохи Роҳат имзо хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0