ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Мақомоти вилояти Форёб аз фаъолшавии толибон дар минтақа, ки тайи ду рӯзи ахир 40 нуқтаи аҳолинишинро ба даст овардаанд, изҳори нигаронӣ мекунанд, иттилоъ медиҳад Ca-News бо истинод ба шабакаи телевизионии Тулӯъ.
Ба иттилои ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир зери итоати толибон ҳудуди 100 музофот, аз ҷумла марказҳои муҳими стратегӣ қарор доранд.
Чанде қабл дар як даргирӣ бо толибон 30 нафар кормандони пулиси маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд. Ба ғайр аз ин, ҷангҷӯён 6 тани дигарро ба асорат гирифтанд. Айни замон 10 кас аз шумули сокинони маҳаллӣ ҳамчун гумшуда сабти ном гардидаанд.
Намояндаи фармондеҳии Артиши миллӣ дар шимоли Афғонистон оқои Ризоӣ мӯътақид аст, ки толибон талафоти зиёд дода истодаанд. Ба қавли ӯ, аз рӯзи душанбе то имрӯз 73 ҷангҷуи созмон кушта шуда, ҳавопаймооҳои афғонӣ ба ҳаракати муқовимат алайҳи толибон кӯмак мекунад.
Аммо дар сурати дастгирӣ наёфтани мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар вулусволии Форёб аз ҷониби ҳукумати марказӣ ба итоати толибон гузаштани минтақа аз эҳтимол дур нест.