Изҳори нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи Афғонистон ва марзи муштарак

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо кадрҳои навтаъини ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз 6 июли соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо кадрҳои навтаъини ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз 6 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон кадрҳои тозатаъинро ба ҳузур пазируфта, аз авзои номӯътадили Афғонистон, задухӯрду муқовимати гурӯҳҳои ифротгаро бо сохторҳои қудратии ин кишвар дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як роҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарӯзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб кард.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи як тағйироти кадрии худ раҳбарони бархе аз раёсатҳои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварро иваз кард, иттилоъ медиҳад сомонаи президент.

Ба иттилоъи сарчашмаи хабар, бо сабаби ба нафақа баромаданаш Абдураҳмон Азимов аз вазифаи Сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ озод гардид.

Ҳамзамон, Назиров Сафаралӣ аз вазифаи муовини Сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба вазифаи Сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҷаъфарзода Муҳаммад Ҳайдар, ки то ин замон дар курсии муовини Сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ менишаст, ба вазифаи Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Суғд таъин гардид.

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон

Ҳамчунин, Сардорони раёсатҳои қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон таъин гардида, сардорони отрядҳои як қатор гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва нуқтаҳои дидбонгоҳҳои Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Ғончӣ, Ашт ва Истаравшани вилояти Суғд низ иваз гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадии Ишкошим, Шӯрообод, Панҷ, ки тоза ба ин вазифаҳо таъин гардиданд, талаб намуд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳушёру зирак бошанд ва ҳар як ваҷаб хоки диёрро аз рӯи садоқат ба давлату миллат ҳифз намоянд.

Аснои мулоқот бо кадрҳои тозатаъин раисҷумҳур аз авзои номӯътадили Афғонистон, задухӯрду муқовимати гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ бо сохторҳои қудратии ин кишвар дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як роҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарӯзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб кардааст.

 

Лентаи хабарҳо
0