Турсунзода: як омӯзгор барои қатли ду ҳамкори худ ба 30 сол маҳкум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВерховный суд Таджикистана. Архивное фото
Верховный суд Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омӯзгори мактаби рақами 7-и ноҳияи Турсунзода Юлдош Айматов, ки моҳи июн мудир ва муовини мудири мактабро бо зарби корд ба қатл расонд, ба ҳукми сангини зиндон маҳкум шуд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 7-и ноҳияи Турсунзода Юлдош Айматов, ки дар қатли мудир ва муовини мудири он  мактаб айбор мешуд, аз ҷониби Додгоҳи олӣ ба 30 соли зиндон маҳкум шуд, менависад Радиои Озодӣ.

Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: “омӯзгори варзиш директор ва муовини мактабро қатл кардааст”

Дафтари матбуотии Додгоҳи олии Тоҷикистон 19 август ба Озодӣ гуфтааст, ҳукм рӯзи 17 август аз рӯи моддаи 110 (куштор)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон содир шуд.

Юлдош Айматов моҳи июн мудири мактаб — Дилором Нишоноваро дар утоқи корияш бо зарби 10 корд ва баъдан муовини мудирро дар ҳамон рӯз ба қатл расонд.

Ба навиштаи манбаъ, азбаски омӯзгор ба таври ваҳшиёна ва бераҳмона ду ҳамкори худро куштааст, додгоҳ  "пушаймониву тавбаи омӯзгорро" ба инобат нагирифт ва барояш ҷазои баландтаринро муносиб дид.

Юлдош Айматов, омӯзгори тарбияи ҷисмонии ин мактаб, аълочии маориф ва устоди варзидаи кишвар нахуст мудири мактаб — Дилором Нишоноваи 51-соларо дар утоқи корияш бо зарби беш аз 10 корд ба қатл расонд. Сипас, ба саҳни ҳавлӣ баромада ба муовини мудири мактаб — Гулнора Юлдошеваи 48-сола, ки бо духтарон дар бораи ширкаташон дар тамрин сӯҳбат мекард, аз пушт дарафтада бо корд ба гулӯяш зарба зад. Гулнора Юлдошева дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расид.

Додситонии ноҳияи Турсунзода дар нисбати Юлдош Айматов, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ бо моддаи 104 (куштор) парванда боз намуда буд. Тавре шоҳидон мегӯянд, куштори ду муаллима аз тарафи ҳамкори онҳо устоди тарбияи ҷисмонӣ дар заминаи баҳси пулӣ сурат гирифтааст ва куштори муовини мудири мактаб дар пеши чашми кӯдакон сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0