ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. ИМА аз қарордоди миёни Русия ва Эрон мабнӣ ба судури муҷтамаҳои С-300 нигарон ҳастанд, ҳарчанд бар ин назаранд, ки ин тавофуқ ба қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ мухолифат надорад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба изҳороти намояндаи ВКХ Ҷон Кирби.
Қаблан як манбаъ дар вазорати дифоъи Эрон ба Sputnik хабар дода буд, ки Теҳрон имкон дорад аз Русия чаҳор адад муҷтамаҳои бозсозишудаи С-300 дарёфт кунад, ҳарчанд тибқи қарордоди қадимӣ бояд се адад аз ин силоҳро мегирифт.
"Воридоти чунин навъи силоҳи дифоъи тибқи қатъномаҳои ША СММ мамнӯъ нашудаанд. Мо бояд иттилоъи бештареро пайдо кунем, ки мушаххас шавад, ки оё ин тавофуқот хилофи барномаи таҳримоти худи мо алайҳи Эрон набошад", — гуфт Кирбӣ.
Вай ёдовар шуд, ки ИМА аз қабл изҳор дошт, ки "аслан хилофи фурӯши чунин силоҳ ба Эрон мебошад".
Дар посух ба ин суол, ки чаро ИМА хилофи ин қарордод аст, Кирбӣ гуфт: "Чунин силоҳ ба кишваре дар ихтиёр гузошта мешавад, ки мо медонем терроризм дар минтақаро пуштибонӣ мекунад".
"Намедонам, ки чаро мо набояд аз ин қарордод ихтилоф дошта бошем", — афзуд вай ва ёдовар шуд, ки вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ бамаротиб дар ин замина ба раҳбари ВКХ ФР Сергей Лавров изҳори нигаронӣ карда буд.
Ҳамзамон раҳбари маркази матбуъотии вазорати хориҷаи ИМА судурин ин силоҳ бо расидагӣ ба қарордоди ҳалли барномаи ҳастаии Эрон марбут надонист. "Ҳарчанд мо аз судури С-300 изҳори нигаронӣ мекунем, вале вазири хориҷа дақиқан дар бораи нақши муассири Русия дар расидагӣ ба қарордоди ҳалли барномаи ҳастаии Эрон таъкид карда буд", — гуфт Кирбӣ.
Вале вай таъкид кард, ки "қарордод миёни Амрико ва Эрон нест, ин тавофуқот дар чаҳорчӯбаи "панҷ ҷамъи як" қабул шудааст ва куллияи ҷонибҳо муваззафоти худро доранд. "Мо умедворем, ки онҳо ин муваззафотро иҷро мекунанд", — хулоса кард намояндаи вазорати хориҷа.