ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Эрон омода аст ба куллияи кишварҳои минтақа дар муқобала бо терроризм кӯмак кунад, изҳор дошт рӯзи чаҳоршанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои лубнонии худ Ҷубран Басил дар Бейрут.
"Мо дасти ҳамкориро ба сӯйи ҳамаи кишварҳои наздик барои муқобала бо терроризм дароз мекунем", — гуфт Зариф.
Вай афзуд, ки феълан имконе вуҷуд дорад, ки куллияи кишварҳои минтақа барои муқобала бо таҳдидоти умумӣ муколама роҳандозӣ кунанд. Ба гуфтаи вай Теҳрон тавонист ба ҷаҳон собит созад, ки мушкилот танҳо аз рӯйи музокироти сулҳомез ҳалл мешаванд.
Раҳбари ВКХ Эрон дар робита ба равобити миёни Теҳрон ва Бейрут изҳор дошт, ки Ҷумҳурии исломӣ ба умури дохилии Лубнон мудохила намекунад ва "интизор ҳастем, ки бозигарони дигари ҷаҳонӣ низ аз раванди сулҳомези ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар монеъ намешаванд".
Зариф ба Бейрут бо сафари дурӯза шоми рӯзи сешанбе ворид шуд. Дар ҷараёни ин сафар вазири эронӣ бо раиси порлумон Набих Бери, раҳбари ВКХ Ҷуброн Басил, нахуствазири кишвар Тамам Салом ва дабири кулли ҷунбиши лубнонии шиъаҳои "Ҳизбуллоҳ" сайид Ҳасан Насруллоҳ дидор дошт.
Дар ин мулоқот вазъи сиёсӣ дар Лубнон, аз ҷумла вобаста ба адами раиси ҷумҳури кишвар, дурнамои ҳалли сиёсӣ дар Сурия ва натоиҷи тавофуқоти барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ шудаанд.
Баъд аз Лубнон раҳбари ВКХ Эрон озими Димишқ шуда бо раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад ва вазири корҳои хориҷӣ Валид Муаллим дидору гуфтугӯҳо мекунад.