Дар моҳи август пули сомонӣ дар қиболи юан қавитар шуд

© SputnikСомонӣ
Сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳарчанд қурби пули миллии Чин дар Тоҷикистон пойин рафт, вале арзиши феълии он дар кишвар бештар аз мизони авоили сол мебошад.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Қурби расмии юан дар Тоҷикистон баъд болоравии кӯтоҳмуддати нимсолаи аввал сареъан ба 2,6% пойин рафт ва 17 август 1 юан 0,98 сомонӣ қиммат дорад, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии ҶТ.

Бо вуҷуди пойинравии қурби пули миллии Чин дар Тоҷикистон арзиши феълии он дар кишвар болотар аз қурби авоили сол аст, ки он замон барои 1 юан 0,85 сомонӣ медоданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2015 қурби юан то 1 сомонӣ боло рафт ва ин мизонро то 12 август ҳифз карда буд ва сипас арзиши вай то 0,98 сомонӣ пойин рафт.

Болоравии қурби доллар дар Душанбе

Дар соли ҷорӣ дар пайи болоравии сареъи қурби доллари ИМА мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки онро қисман бо юан ҷойгузин созанд, зеро яке аз шарикони умдаи тиҷоратии Тоҷикистон Чин маҳсуб мешавад. Аз ин кишвар ба Тоҷикистон маводди ниёзи мардум назири маводди сохтмонӣ, либос, ҷиҳози хона ва зиндагӣ ворид мешаванд.

Дар Тоҷикистон қурби юанро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар месозад. Қурби расмии юан дар Тоҷикистон тибқи муқаррароти "кросс-қурб" бо истифода аз қурби расмии доллари ИМА нисбати сомонӣ ва асъори дигар мушаххас карда мешавад. Ҳамчунин аз қурби муқарраршудаи бонки марказии Чин ва омори бозорҳои арзии ҷаҳонӣ истифода мешаванд.

Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Доналд Трамп дар бораи беқурбшавии юан: Чин ИМА-ро нобуд мекунад

Қурби пули миллии Тоҷикистон нисбати юан баъд аз он, ки мақомоти Чин дар бораи пойин бурдани сареъи қурби вай нисбати доллар 13 август тасмим гирифтанд, боло рафт. Нахуст 1,9% ва дар ду рӯзи минбаъда боз 2,7% боло рафт. Дар маҷмӯъ қурби юан дар қиболи сомонӣ 4,6% пойин рафт.

Рӯзи ҷумъаи гузашта Бонки мардумии Чин баъд аз се рӯзи пойинравии қурб арзиши юанро нисбати доллар 0,05% боло бурд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба иттилоъи China Foreign Exchange Trade System.

Рӯзи душанбеи 10 август қурби доллар дар Чин муъодили 6,1162 юан ва дар тӯли се рӯз ба 4,6% пойин рафт.

Арзи чинӣ давоми муддати тӯлонӣ ҳудуди 8,3 юан барои як доллар буд, вале тобистони соли 2005 тақвияти қурби он шурӯъ шуд. Дар тобистони соли 2008 қурби юан ҳудуди як сол 6,8 буд ва дар моҳи сентябри соли 2009 дубора қавитар шуд. Дар моҳи январи соли 2014 қурби юан ба болотарин сатҳ расид ва он замон барои як доллар ҳудуди 6 юан медоданд.

Лентаи хабарҳо
0