Болоравии қурби доллар дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевНуқтаи мубодилаи асъор дар Душанбе
Нуқтаи мубодилаи асъор дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаҳиши дубораи қурби доллар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки охири моҳи май дар бархе аз саррофиҳои Душанбе арзиши як доллар то 5,80 сомонӣ поин рафта буд.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дубора боло рафт, рӯзи гузашта дар аксари саррофиҳои шаҳри Душанбе арзиши як доллар 6,50 — 6,52 сомонӣ нишон дода шуда буд, менависад ОИ Авеста.

"Ҷаҳиши дубораи қурби доллар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 29 майи соли равон дар бархе аз саррофиҳои Душанбе арзиши як доллар то 5,80 сомонӣ поин рафта буд",- меафзояд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Бонки миллии кишвар дар шарҳи ин хабар гуфтанд, "сабабҳои паст шудани қурби доллари ИМА-и нақдӣ ин аз як тараф зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда, аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба доллари ИМА-и нақдӣ кам кард"/

Қурби ҳазор рубли русӣ, ки қаблан дар саррофиҳои Душанбе бо 120-121 сомонӣ нишон харидорӣ мешуд, ҳоло баробар ба 118 — 119 шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0