Кӯмаки навбатии ИМА ба мақомоти қудратии Тоҷикистон. Ин дафъа $1 млн

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкМарзбонони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Марзбонони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир ба Тоҷикистон дар рушду омода намудани нерӯи мустақилу самарабахш барои мубориза зидди гардиши маводи нашъаовар мусоидат мекунад.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Агентии назорати маводи мухаддир, Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллии Тоҷикистон аз Барномаи фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир беш аз 975 таҷҳизоти тактикӣ дарёфт кардаанд ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҳаҷми кӯмаки мазкурро беш аз $1 миллион эълом кард, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста.

Амрико ба АНМН васоили фаннӣ ва таҷҳизоти вижа тақдим кард

Ба иттилои манбаъ, Энтони Гарбаускас, роҳбари Барномаи фармондеҳии марказии ИМА (СЕНТКОМ) дар расми тақдими ин таҷҳизот гуфтааст, ин кӯмакҳо ба рушди бахшҳои мақомот мусоидат карда, дар амри ҷилавгирӣ аз гардиши нашъа натоиҷеро ба дунбол хоҳанд дошт.

Тақдими таҷҳизоти амниятии мазкур аз манфиатдории ИМА оид ба ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа шаҳодат медиҳад.

Гуфта мешавад, Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир ба Тоҷикистон дар рушду омода намудани як нерӯи мустақилу самарабахш барои мубориза зидди гардиши маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Аз соли 2007 инҷониб дар доираи Барномаи мазкур кӯмак ба маблағи тақрибан 145 миллион доллари амрикоӣ расонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0