КДАМ нашъаҷаллоби афғонро нобуд кард

Обуна шудан
Аснои амалиёти дигари кормандони КДАМ дар ҳудуди яке аз минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ 1 борхалта бо 12 кг 166 гр. ҳашиш, 1 адад гулӯлапартои тамғаи «ПГ-7В» ва 2 қаиқи худсохт, ки нашъаҷаллобон барои гузаштан аз дарёи Панҷ истифода мебаранд, бозёфт ва мусодира карда шуд.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз як ҳодисаи ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудани маводи мухаддирро пешгирӣ карданд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба КДАМ.

Кормандони мақомоти амниятӣ барои санҷиши маълумоти дастрасшуда дар бораи он ки гурӯҳи нашъаҷаллобон ният доранд аз ҳудуди Афғонистон ба навоҳии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон маводи мухаддир ворид созанд, як қатор чорабиниҳоро амалӣ карданд. Дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, ҳангоми аз назаргузаронии ҳавзи моҳидории рақами сеюми ноҳияи Ҳамадонӣ 6 халтаи полиэтиленӣ бо 12 кг 900 грам ҳероин, 34 кг 50 гр. афюн ва 86 кг 500 гр. ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.

Даргирӣ дар марз: ҳалокати як қочоқчӣ ва мусодираи 69 кило нашъа

Ҳангоми роҳандозии амалиёти вижа барои боздошт кардани нашъаҷаллобон дар ҳудуди ноҳияи Фархор, қочоқчиён ба фармон оид ба таслим шудан, итоат накарда, ба сӯйи кормандони КДАМ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ қочоқбари ашаддӣ, мулло Маҳмадазим валади Ҳоҷибадал безарар гардонида шуд.

"Дар ҷойи ҳодиса 1 силоҳи Калашников, 3 тирдон бо 70 дона тир,  8 кг 200 грамм афюн ва 1 кг 200 грамм бангдона дарёфт шуд",- менависад манбаъ.

Гуфтанист, нисбат ба ин гурӯҳи ҷиноятӣ аз тарафи кормандони мақомоти амниятӣ ҳанӯз 5-уми майи соли равон амалиёт гузаронида шуда буд. Он вақт қочоқбарон бо истифода аз торикии шаб, 146 кг маводи мухаддирро дар ҷойи ҳодиса партофта, ба қаламрави Афғонистон фирор карда буданд.

Аснои амалиёти дигари кормандони КДАМ дар ҳудуди яке аз минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ 1 борхалта бо 12 кг 166 гр. ҳашиш, 1 адад гулӯлапартои тамғаи «ПГ-7В» ва 2 қаиқи худсохт, ки нашъаҷаллобон барои гузаштан аз дарёи Панҷ истифода мебаранд, бозёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0