ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Аснои як амалиёти вижа дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддира забту мусодира гардидааст, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо истинод ба дафтари матбуотии Сарраёсати неруҳои сарҳадбонии КДАМ-и Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, рӯзи чаҳоршанбе миёни марзбонони отряди сарҳадии "Ҳамадонӣ" ва шаҳрвандони Афғонистон, ки қасди убури ғайриқонунии марзро доштанд, задухурди мусаллаҳона сурат гирифт.
"Ҷинояткорон аз торикии шаб истифода карда, ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд. Аз ҷои ҳодиса 42 кило бангдона ва 2 килограмм афюн дарёт шуд",- гуфтанд аз дафтари матбуотии ин ниҳод ба оҷонсӣ.
Худи ҳамон шаб, гурӯҳи дигари қочоқчиёни афғон тариқи сарҳад ба хоки Тоҷикистон ворид шудан хостанд, аммо мавриди тирборони марзбонҳои отряди "Панҷ" қарор гирифтанд. Дар натиҷаи задухӯрд як нашъаҷаллоб ба ҳалокат расида, дигарон ба қаламрави кишварашон фирор карданд.
"Аз маҳалли ҳодиса 25 кило ҳашиш, автомати Калашников бо се тирдон дарёфт шуд",- менависад манбаъ.
Аз рӯйи ин далоил парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.