ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар қароргоҳи марказии АНМН дар Душанбе, дар чорчӯби Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари ИМА маросими супоридани васоили фаннӣ ва таҷҳизоти тактикӣ, инчунин асбобҳои коммуникатсионӣ ба Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон сурат пазируфт, омадааст дар хабари сомонаи ин ниҳод.
Воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти вижа ва дигар ашёҳои коммуникатсиониву иртибототӣ аз ҷониби бахши ҳамкориҳои низомии сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба агентӣ тақдим гардиданд.
"Ин васоил барои тақвият бахшидан ба мубориза бо гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноии фаромиллӣ, хусусан дар шароити кӯҳсор равона шудааст",- омадааст дар хабар.
Манбаъ менависад, муовини аввали сарвари АНМН Самад Зафар барои дастгирии техникӣ ба сафорати ИМА миннатдорӣ карда, ба ҳамкориҳои байни АНМН ва Амрико дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар изҳори хушбинӣ кард.
Ҳамзамон, роҳбари Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари Ситоди марказии ИМА Энтони Гарбаускас гуфт, минбаъд низ ҳамкории кишвараш бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тақвият хоҳанд ёфт.