Хуршед Маҷидов дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкДзюдо. Чемпионати ҷаҳонӣ. Акс аз бойгонӣ
Дзюдо. Чемпионати ҷаҳонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни наврасон дар Босния ва Ҳерзеговина соҳиби медали биринҷӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Хуршед Маҷидов, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни варзишгарони синyашон то ҳаждаҳсола дар Босния ва Ҳерзеговина дар вазни беш аз 90 кг бо касби мақоми севум медали биринҷӣ ба даст овард, менависад cомонаи ВКД ҶТ.

Ин барои нахустин бор аст, ки дар риштаи дзюдо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон намояндаи Тоҷикистон ба чунин дастовард мушарраф гаштааст.

Сабқати ҷаҳонии дзюдо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Медалҳои тилло ва нуқраи паҳлавонони тоҷик. Аз Тайван

Хуршед Маҷидов пас аз се ғалаба ба Лхақвадори Батҷаграл (Муғулистон), Дмитрий Хохлов (Булғористон) ва Филип Милҷевик (Хорватия), дар даври ниманиҳоӣ аз Камол Каитов (Русия) шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум бар Игнас Мекаҷус (Латвия) ғолиб омад ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар ин мусобиқа 475 варзишгар аз 59 кишвари дунё иштирок доштанд. Ҷопон дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби ҳафт медал — 4 тило, 1 нуқра ва ду биринҷӣ — дар мақоми аввал ва Русия бо нӯҳ медал, аз ҷумла ду тило, дар ҷои дувум қарор гирифтанд. Ҳолланд бо касби се медал — 2 тило ва 1 нуқра — севум шуд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 22-юм қарор гирифт.

Хушқадам Хусравов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгари тоҷик дар Ҷоми олии ҷаҳонии самбо барандаи медали тилло шуд

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳашт варзишгар — 6 писар — Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кило), Ҷамолиддин Абдуллоев (60), Эраҷ Абдуллоев (66), Салмон Раҳмихудоев (66), Илҳом Ҳофиззода (73), Хуршед Маҷидов (беш аз 90 кило) ва 2 духтар Шукрона Қарчиева (48) ва Шоҳида Қаландарова (57) намояндагӣ карданд.

Ба ҷуз Хуршед Маҷидов, аз миёни дигар гуштигирони ҷавони тоҷик натиҷаи нисбатан хубтарро Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни 60 кило нишон дод. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Муғулистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ба нимфинал баромад. Вале дар даври ниманиҳоӣ аз Генки Кога (Ҷопон) мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи панҷумро гирифт.

Дар сабқати духтарон Шукрона Қарчиева ва Шаҳодат Қаландарова дар нахустин даври мусобиқа ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Лентаи хабарҳо
0