Медалҳои тилло ва нуқраи паҳлавонони тоҷик. Аз Тайван

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСабқати ҷаҳонии дзюдо. Акс аз бойгонӣ
Сабқати ҷаҳонии дзюдо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се паҳлавони тоҷик, ки барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия талош мекунанд, дар раддабандии ҷаҳонии беҳтарин дзюдочиёни олам соҳиби имтиёзҳои муқарраршуда гардиданд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputniк. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи бози Осиё оид ба дзюдо — "Asian Judo Open Taipei 2015", ки рӯзҳои 25-26 июл дар  дар Тайван баргузор гардид,  ду медал — як тилло ва як нуқра ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

"Дар ин мусобиқа 180 варзишгар (109 мард ва 71 зан) аз 28 кишвар иштирок доштанд. Тоҷикистонро се паҳлавони маъруф — Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ карданд",-меафзояд манбаъ.

Варзиши сабук - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик аз Бишкек се нишони тилло оварданд

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило баъд аз пирӯзӣ бар Ҷуян Ли (Кореяи Ҷанубӣ), дар даври ниманиҳоӣ Ченг Лианг Ҳсияои тайваниро шикаст дод ва ба ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ мушарраф гашт. Дар қувваозмоии ҳалкунанда бар рақиби дигари тайваниаш По Йен Ли ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Зимнан, паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило нахуст бар Вей Чен Чанг (Тайван) пирӯз шуда, дар даври ниманиҳоӣ Хинзао Ченгро аз Чин шикаст дод ва ба финал баромад. Вале Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Миҳаэл Зганк (Словения) мағлуб гардид ва барои соҳиб шудан ба мақоми дуввум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Сарчашмаи хабар менависад, паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Ҳан-Чин Тсенг (Кореяи Ҷанубӣ) дар даври дувум аз Ҷонгҳун Вон (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд.

Ҳамин тавр, паҳлавонони тоҷик, ки барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия талош мекунанд, дар раддабандии ҷаҳонии беҳтарин дзюдочиёни олам ҳар кадом соҳиби имтиёзҳои муқарраршуда гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0