ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Хушқадам Хусраво дар мусобиқаи байналмилалии "Ёдбуди Анатолий Харлампиев", поягузори гуштии самбо, ки Ҷоми ҷаҳонӣ ҳисоб меёбад ва шаби 29-уми март дар пойтахти Русия, шаҳри Маскав ба анҷом расид, баранадаи медали тилло гардид, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузтарин танҳо як варзишгар, Хушқадам Хусравов намояндагӣ кард, Вай дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон дар вазни зери 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Хушқадам дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари Қазоқистон Йессет Куанов бо ҳисоби 6:3 ғалаба кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн ҷойҳои севумро Иван Анискевич (Беларус) ва Шмаги Лагазаури (Гурҷистон) соҳиб шуданд.
Ба иттилооъи манбаъ, дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз 35 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё ширкат карданд. Мусобиқа дар 9 вазн байни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ ва байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор шуд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон, Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад.
Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки моҳи июни соли 2014 дар пойтахти Ӯзбакистон — шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.Баъдан Хушқадам моҳи ноябри соли 2014 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Наритаи Ҷопон барпо гардид, дар вазни то 62 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Борис Борисов (Булғористон) мағлуб гашт.
Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Хушқадам Хусравовро ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2014 дохил кардааст.
Маврид ба ёдоварист, баъд аз пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус, дар муддати қариб 40 сол ягон намояндаи Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ мушарраф нашудааст.