ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Атбоъи Русияро, ки дар садамаи нақлиётӣ осеб дидаанд ва агар онҳо барои интиқол бима надошта бошанд, вазорати тандурустӣ ба ватан мунтақил мекунад, хабар медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.
Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ куллияи осебдидагон ҳангоми вуруд ба хориҷи кишвар қарордоди бимаи ихтиёрӣ доштанд ва ба ин далел ироъаи кӯмакҳои пизишкӣ ба осебдидагон ва интиқолоти онҳо аз сӯйи ширкатҳои бима сурат мегиранд.
"Агар ин иттилоъ воқеъият надошта бошад, вазорати тандурустӣ ва вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия интиқолоти сареъи пизишкии осебдидагон ба ватанро ташкил мекунад", — омадааст дар хабар.
Рӯзи панҷшанбе сафорати Русия дар Анқара хабар дода буд, ки автобуси ҳомили сайёҳон аз Русия, Белорус, Қазоқистон ва Литва зимни бозгашт аз тамошои Памукалле тасодум кард. Ба иттилоъи сафорати Русия дар Анқара дар ин садама чаҳор атбоъи Русия ҷони худро аз даст додаанд. Расонаҳои туркӣ дар бораи фавти шаш нафар хабар дода буданд.
Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки дар ин садама се атбоъи Русия кушта шуда 23 нафари дидар ба бемористонҳои шаҳрҳои Анталя ва Денизли мунтақил шудаанд. Вази ду нафар вахим ва 13 нафар миёна унвон шуда вазъи афроди осебдидаи дигар мушшахас мешавад.