Садамаи автобуси ҳомили сайёҳони ИДМ дар Туркия. Қурбониён низ ҳастанд

© wikimedia.orgФароғатгоҳи туркии "Бодрум". Акс аз бойгонӣ
Фароғатгоҳи туркии Бодрум. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳодиса дар ҷанубу ғарби Туркия ба вуқӯъ пайваста, тибқи иттилоъи сафорати ФР дар Анқара аснои садама чор сайёҳи рус ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 7авг — Sputnik. Раёсати амнияти вилояти Денизли дар бораи садамаи автобус ва ҷароҳат бардоштани 31 нафар, ки асосан шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Литва ва Белорус мебошанд, хабар дод, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Қаблан, рӯзи панҷшанбе сафорати Русия дар Анқара гуфт, дар пайи садамаи автобуси сайёҳон дар Памуккала чор шаҳрванди Русия ба ҳалокат расида, 27 кас ҷароҳат бардоштаанд, аз ҷумла 20 русиягӣ. Тибқи навиштаи нашрияи Haber Denizli теъдоди фавтидагон  дар ҳодисаи мазкур шаш нафарро ташкил медиҳад.

"Автобусе, ки сайёҳони Русия, Белорус, Қазоқистон ва Литваро мебурд, ба садама дучор шуд. Ба иттилоъи ахир зимни сонеҳа 4 кас ҳалоку 31 нафар захмӣ шудаанд. Ҷароҳатбардоштагон айни замон ба панҷ беморхона интиқол ёфта, таҳти муроқибат қарор доранд. Теъдоде аз онҳо ҷарроҳӣ мешаванд",- гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Фарзияи пешакӣ ҳокӣ аз он аст, ки ронандаи автобус баъди борон дар ҷоддаи мушкилгузар ҳаракат карда, идораи онро аз даст додааст.  

Лентаи хабарҳо
0